Дар шаҳри Хоруғ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят мусобиқа оид ба волейбол идома дорад

Июль 23, 2024 16:18

ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 24 июл дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни мардон барои дарёфти «Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» баргузор шуда истодааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Дар мусобиқа дастаҳо аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар умум 10 дастаро ташкил медиҳанд, иштирок доранд.

Дар маросими ифтитоҳи он Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки ин мусобиқаи муҳими варзишӣ барои рушди волейболи вилоят заминаи мусоидеро фароҳам хоҳад гузошт.

Гуфта шуд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо, ба рушди варзиш, ки ҳамчун падидаи муҳими муттаҳидкунандаи миллат арзёбӣ мегардад, таваҷҷӯҳи ҳамаҷониба зоҳир мекунанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 

Июль 23, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд