ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҷӯра Саркор»-и шаҳри Турсунзода барои аз замин дар як сол ду-се ҳосил рӯёндан талош менамоянд

Июль 10, 2024 09:11

ТУРСУНЗОДА, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Замини хоҷагии деҳқонии мо аз 7 гектар иборат буда, 6 гектари онро боғи ангур ташкил медиҳад. Дар 30 сотих гармхона бунёд намуда, дар он бодиринг, помидор ва булғорӣ парвариш кардем. Маҳсулоти дар гармхона парваришнамудаамонро ҷамъоварӣ намуда, ба фурӯш баровардем. Фақат аз аввали фасли баҳор то гармшавии боду ҳаво дар гармхона 100 тонна ангишт истифода намудем. Аммо меҳнати софдилона ва ҳосили фаровони замини гармхона хароҷоти ангишту кормандони кирояро пӯшонид ва фоидаи хуб ба даст овардем, -гуфт роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҷӯра Саркор»-и Ҷамоати Ҷура Раҳмони шаҳри Турсунзода Рустам Раҳмонов.

«Дар 70 сотихи замини боқимонда кишти тарбузро ба роҳ мондем, ки аз он ҳосили фаровон ба даст оварда, барои фурӯш ба бозорҳои мамлакат пешниҳод намуда истодаем. Хосияти замин ҳамин аст, ҳар касе холисонаю содиқона меҳнат намояд, ҳосили фаровон ба даст меорад. Аммо ҳосили фаровон, ки ба даст омад, бояд ҳаққи ятиму камбағалу бечораро ҷудо намоӣ. Он гоҳ баракати кор зиёд мешавад», -афзуд Рустам Раҳмонов.

Номбурда изҳор дошт, ки хоҷагии деҳқонии «Ҷӯра Саркор» дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ мебошад, таъсис дода шудааст. Ҳадафи асосии кормандони хоҷагӣ ин самаранок истифода намудани замин ва аз он ба даст овардани ҳосили фаровон ва пур намудани дастархони сокинони мамлакат мебошад.


Ба гуфти Рустам Раҳмонов, соли гузашта боғи токи хоҷагӣ аз ҳисоби сардии зиёд қисман талаф ёфта буд. Хушбахтона, имсол бо истифодаи қоидаҳои агротехникӣ ва саривақт таъмини ғизои иловагӣ боғи ток ҳосили фаровон дорад ва дар ғанӣ намудани бозори ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Барои коркарди боғи ток ҳамарӯза 15 корманди кироя дар хоҷагӣ фаъолият менамоянд ва дар баробари ин Рустам Раҳмонов фарзандону ҷиянҳои худро нозукии касби деҳқониро меомӯзад.

Деҳқони ҷавони ин хоҷагӣ Аҳмад Улаев гуфт, ки барои ҳосили фаровон гирифтан бояд деҳқон аз хароҷот кардан натарсад. Албатта барои осонии кор аввал техникаҳои кишоварзӣ ва мошинолот харидорӣ кардан даркор ва баъдан барои бо ғизо ва заҳрхимикатҳо таъмин намудани токзорҳо ва помидор, бодирингу булғорӣ маблағи калон хароҷот мекунӣ, ки ҳосили фаровон ба даст оварда, сатҳи зиндагии худро хуб гардонӣ.

«Агар деҳқон мувофиқи вақти муайяншуда, заминро самаранок истифода барад, аз он дар як сол ду- се ҳосил рӯёнад, хонаводаи худ ва хешу табору ҳамсоягонашро бо маҳсулоти ройгон таъмин карда метавонад. Дар баробари ин ба бозорҳои ҷумҳурӣ маҳсулоташро барои фурӯш пешниҳод намуда, фоидаи хуб ба даст меорад»,- мегӯяд Аҳмад Улаев .

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2024 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд