ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Омӯзгори ташаббускор Намозалӣ Ашуров аз Восеъ дар кишоварзӣ ҳам муваффақ аст

Июль 14, 2024 14:46

ВОСЕЪ, 14.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни биологияи мактаби  №14-и Ҷамоати ба номи Абдӣ  Авазови ноҳияи Восеъ Намозалӣ Ашуров дар баробари омӯзгорӣ,  инчунин ба кишоварзӣ низ машғул мебошад. Ӯ дар хоҷагии деҳқонии худ дар 3 гектар  навъи пахтаи «Ирам» ва дар 2 гектар  картошка, пиёз, булғорӣ, помидор,  бодиринг, ҷуворимакка ва лубиёгӣ кишт намудааст. Номбурда  айни замон ҳосили  бархе аз маҳсулоти парваришнамудаашро ҷамъоварӣ карда,  гузаронидани кишти такрориро ба нақша гирифтааст,  иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Намозалӣ Ашуров, гуфт, ки  тӯли 23 сол мешавад, ки  ба тарбияи насли наврас машғул мебошад. Шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки дар чандин озмунҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.

Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ,  мавсуф хоҷагии деҳқонӣ низ дорад, ки тули 9 сол мешавад дар он бо аҳли оилааш меҳнат менамояд. Онҳо  дар натиҷаи риояи қоидаҳои агротехникӣ ва доштани таҷрибаи хуби деҳқонӣ ҳамасола  аз замин ҳосили фаровон  мерӯёнанд. Ин оила  на танҳо хонаводаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин месозад, балки боқимондаи онро ба фурӯш бароварда, аз он фоидаи калон ба даст меорад. Аз ин ҷост, ки оилаи  мазкур  барои хароҷоти калон, аз ҷумла таъмири хона, харидани ашёи зарурии  рӯзғор, таъмини шароити таълими  фарзандон ва пасандоз намудан мушкилӣ намекашад.

«Дар замини наздиҳавлигӣ  низ ба корҳои кишоварзӣ машғул ҳастем, дар ин ҷо  навъи ангури «кишмиши сиёҳ», «ҳусайнии сурху сафед» ва   «пешпазак» парвариш мекунем. Дар баробари ин 20 оила занбӯри асал дорем,  ки  ҳар сол то 300 килло асали хушсифат мегирем. Шуруъ аз  моҳи март бо мақсади ба даст овардани асали хушсифат   занбӯрҳоро ба кӯҳҳо мебарем, ки дар онҷо гиёҳҳои шифобахш зиёд аст», -мегӯяд омӯзгор.

Намозалӣ Ашуров таъкид намуд, ки  «инсон маҳз ба воситаи меҳнати ҳалол ва пайвастаи  ақлонию  ҷисмонӣ  обрӯю эътибор пайдо намуда, дар ҷамъият сарбаланд мегардад. Ҳар як касбу кор  машаққату мушкилӣ   дорад ва барои ба мақсад расидан онро бояд таҳамул созӣ».

«Меҳнат бе роҳат намешавад, гуфтаанд бузургони мо, ки дар ҳақиқат дуруст аст.  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми моро ба самаранок истифода бурдани замин дар натиҷаи ҳамин ҳикмати ҳазорсолаи мардумӣ ҳидоят менамоянд»,- таъкид намуд Намозалӣ Ашуров.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!