Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон баҳри пешгирии офатҳои табиӣ корҳои пешгирикунанда мегузаронад

Июль 31, 2024 15:51

ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода се фармоиш қабул гардид, ки мақсади он пешгирии офатҳои табиӣ ва кумак ба оилаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зимни нишаст гуфта шуд, ки ҳамасола тибқи нақшаи Кумита дар ҳамаи мавзеъҳои хавфнок корҳои пешгирикунанда вобаста ба офатҳои табиӣ анҷом дода мешаванд.

Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ҷамшед Камолзода зимни нишаст вобаста ба ин масъала иброз намуд, ки «Кӯлоб аз лиҳози офатҳои табиӣ яке аз минтақаҳои осебпазир ба шумор меравад. Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин минтақа масолеҳи сохтмонӣ ҷудо гардида, корҳои соҳилбандӣ, рехтани тахтасангҳои оҳану бетонӣ дар ҷойҳои хавфнок баҳри пешгирии зарари офатҳои табиӣ гузаронида мешаванд».

Иттилоъ дода шуд, ки бо вуҷуди анҷом додани корҳои пешгирикунанда имсол офатҳои табиии зиёд ба амал омаданд, аммо хисорот ва талафоти ҷонӣ даҳҳо маротиб кам ба назар расид.

Аз 15 апрел то охири моҳи май дар мамлакат 256 ҳолати хатарноки офатҳои табиӣ ба амал омада, дар натиҷа 15 ҳолати фавт сабт шуд. Соли 2023 51 ҳолати фавт сабт шуда буд.

Ба иттилои Ҷамшед Камолзода, имсол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои соҳилбандӣ, рехтани тахтасангҳои оҳану бетонӣ ва масолеҳи сохтмонӣ зиёда аз 19 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Дар айни замон корҳо дар ин самт дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома доранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд