Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»

Июль 22, 2024 17:10

ДУШАНБЕ, 22.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ, 34 барномаи консертӣ ба навор гирифта шуда, аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт ва 32 рақс саҳнавӣ гардид. Баҳри сабти сурудҳои нав 128 матни шеърҳо барои баррасӣ ба Шурои таҳрир ва 34 матни шеърҳо ба ҳайати эҷодӣ ва кумитаҳои тадорукотии ҷашнҳо пешниҳод гардид, хабар доданд имрӯз дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамзамон дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки соли равон ҳунармандони дастаҳои ҳунарии Кумита дар чорабинии илмӣ-фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар бинои Бахши мутолиаи Шарқӣ ва Африқоии Донишгоҳи Лондон (SOAS) ва мактаби мусиқии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, инчунин, дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж баргузор шуданд, бо барномаҳои консертӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Дар шаш моҳи соли равон ансамблҳои давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов ва «Фалак», ансамбли рақсии «Гулрез», ансамбли эстрадии «Ориё», ансамбли «Дарё» ва Мактаби бачагонаи рақсии «Меҳрона» баҳри ғанӣ гардонидани хазинаи телевизион ва радио, инчунин, омода намудани барномаҳои пурмуҳтавои фарҳангӣ дар сатҳи баланди ғоявию маънавӣ фаъолияти пурсамар нишон доданд.

Ҳамчунин бо мақсади ҷалби ҷавонони боистеъдод ба гурӯҳҳои ҳунарӣ, 8 мутахассиси ҷавон барои фаъолияти минбаъдаи эҷодӣ ба дастаҳои ҳунарии Кумита ҷалб гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон