«МАЛАКАИ РОҲБАРӢ». 30 нафар занони болаёқат такмили ихтисос намуданд
ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» 30 нафар намояндаи мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҳисоби занон тибқи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» ихтисоси худро такмил доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки машғулият бо мақсади таъмини бештари иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» то ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон гузаронида шуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни тақдими Гувоҳномаи хатми давраи омӯзиш ба хатмкунандагон гуфт, ки «баргузор намудани чунин машғулиятҳои омӯзишӣ барои занони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур ва саривақтӣ мебошад. Занон қишри фаъоли ҷомеа ба шумор рафта, дар ин замина аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани донишҳои сиёсию ҳуқуқии онҳо ки дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кор мекунанд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст».
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муддат аст, ки бо мақсади иҷрои нақшаи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи мудирият ва таҳлилгарии хизматчиëни давлатӣ, дониши ҳуқуқию сиёсии занону духтарон дар вазорату идораҳо, ташкилот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






