Маърифати ҳуқуқӣ меҳвари таҳкими давлати ҳуқуқбунёд аст

Июль 31, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Рушду ташаккули давлати ҳуқуқбунёд аз баланд будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи сокинон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таъмини волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ вобаста аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандон, инчунин ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд.

Дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ муттаҳидӣ ва ҳамкории мутақобилаи ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ зарур аст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд,  «риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун яке аз роҳҳои муҳимми ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб мешавад».

Дар шароити муосири давлатдорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари масъулияти тарафайни давлат ва шахс ва робитаи ҳуқуқии давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ — ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. Ин вазифа тавассути ҳокимияти олии қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ ва фаъолияти дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Мавқеи бунёдии ҳуқуқ, ки дар заминаи он давлати ҳуқуқбунёд асос ёфта, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифтааст, ба сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бевосита алоқаманд мебошад. Бинобар ин, маҳз дар шароити замони муосир маърифати баланди ҳуқуқӣ яке аз шартҳои муҳимми пешравии ҳамкории судманди давлат ва ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳад, ки бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, ҳамоҳангкунии қонунгузории давлатҳо амалӣ карда мешавад ва дар коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат ба хатарҳо ва таҳдидҳои терроризм, экстремизм, коррупсия, ҳифзи фазои иттилоотӣ нақши муҳим мегузорад. Аз ин рӯ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 марҳилаи нави рушди ҷомеа дониста мешавад. Чунки қабул гардидани санад ва қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пурра таъмин менамояд.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарини кишварҳое маҳсуб мешавад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар моддаи 1-уми Конститутсия хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки давлат бар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобаста аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудаанд. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ бар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ дар пайи татбиқи иқдоми пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқию қонунӣ фароҳам омадааст. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои давлатӣ баҳри тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гардидаанд.

Маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи муҳимми фаъолияти давлат ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад, ки ба пойдор гардидани тартибот ва адолат мусоидат мекунад, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин ва инчунин ба рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

Воқеан, дуруст аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ба падидаи давлати ҳуқуқбунёд, ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва адолати иҷтимоӣ алоқаманд мебошад.

Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад