Намояндагони баландпояи соҳаи авиатсияи граждании Чин бо фаъолияти корхонаи «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд

Июль 31, 2024 16:45

ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони баландпояи соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин ва корхонаи истеҳсолии «COMAC»-и ин давлат бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия».

Ба ҳайати мақомоти авиатсионии Чин хизматрасонии аэронавигатсонӣ ва ифтитоҳи долонҳои нав муаррифӣ гардид. Дар идома меҳмонон оид ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии Корпоратсияи ҳавопаймоии тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин (COMAC) ва музофоти Ченду сухан гуфта, омодагиашонро ба рушди ҳамкории минбаъда

изҳор намуданд. Ҳамзамон ҳайати Чин бо утоқҳои корӣ, манораи муназзимии «Тоҷикаэронавигатсия» ва фаъолияти корхона аз наздик шинос гардиданд. Таъкид шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо солҳои охир дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфуз- истеҳсолкунандагони соҳаи авиатсия, техника ва таҷҳизоти аэронавигатсионӣ таҷдид гардида, малака ва дониши кормандон такмил дода шуд.

Роҳбарияти «Тоҷикаэронавигатсия» ва ҳайати меҳмонон атрофи рушди ҳамкории минбаъда дар соҳаи авиатсия, аэронавигатсия, ифтитоҳи хатсайрҳои нав, инчунин табодули таҷриба ва малакаи мутахассисон табодули назар намуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

Июль 31, 2024 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид