Намояндаи Осорхонаи миллӣ дар ҳамоиши «Долонҳои мероси Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ» дар Остона иштирок намуд

Июль 15, 2024 13:26

ДУШАНБЕ,15.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Остонаи Қазоқистон оид ба барномаи «Долонҳои мероси Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он намояндагони Осорхонаҳои миллии Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок ва маърӯза намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Тақвияти  иқтидори мутахассисони соҳаи мероси таърихӣ ва фарҳангии осорхонаҳои минтақа аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш буд.

Сармутахассиси шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Мафтун  Қиматшоев дар мавзуи «Фаъолияти Осорхонаи миллӣ дар самти ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ» бо рӯнамо маъруза  намуд. Номбурда  доир ба фаъолияти экспазитсионӣ, бостоншиносӣ, тармиму таҳким ва намоишҳои байналмилалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба иштирокдорон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Лоиҳаи барномаи «Долонҳои мероси Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ — ҷанбаҳои байналмилалии Соли мероси фарҳангии Аврупо» аз соли 2018 ба фаъолият оғоз намуда, ҳадафаш таҳкими иқтидор дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин ташвиқу таблиғи мероси фарҳангии муштарак дар роҳи Роҳи Абрешим мебошад. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, аз ҷумла мақомоти масъули рушди сайёҳӣ амалӣ карда мешавад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 15, 2024 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд