НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои пешниҳоди силсилафилмҳои ватанӣ филмноманависон бояд касбӣ бошанд
ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон аз сабаби кам будани силсилафилмҳои ватании дорои мазмуну муҳтавои баланд аксари мардум ба филмҳои хориҷӣ рӯ овардаанд. Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён 30 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ки навиштан ва пешниҳод кардани як силсилафилм вақт ва заҳмати зиёд талаб мекунад. Ҳамчунин пеш аз ҳама филмноманависон бояд касбӣ бошанд.
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои баланд бардоштани ихтисосу малакаи кормандони соҳаи кино ҷавононро ба хориҷи мамлакат барои такмили ихтисос равон менамояд. Инчунин дар муассиса шуъбаи филмноманависӣ ташкил гардидааст, ки ҳадафи он рушди синамои тоҷик аст.
Маҳмадсаид Шоҳиён гуфт, ки дар ҳолати пешниҳод гардидани силсилафилмҳои ба талабот ҷавобгӯ ва дорои мазмуну муҳтавои баланд онҳо омодаанд чунин силсилафилмҳоро ба навор гиранд.
Бино ба гуфтаи ӯ, имрӯз барои рушди синамои тоҷик шароит фароҳам оварда шудааст, техникаи зарурӣ дастрас аст, вале мутахассисони баландпоя намерасанд.
Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар шашмоҳаи аввали соли 2024 аз 53 филмномаи ба Шурои бадеии муассиса пешниҳодшуда 33-тои он тавассути питчинг (муаррифии лоиҳаи кино бо мақсади ёфтани сармоягузороне, ки ин лоиҳаро маблағгузорӣ менамоянд) рӯнамоӣ гардид, 3 филми ҳунарии пурра, 3 филми мустанад, 2 филми кӯтоҳ, 1 филми тасвирӣ, 1 филми мустанади муштарак ва 2 филми ҳунарии муштарак ба навор гирифта шуд.
«Филми ҳунарии «Зиндагӣ зебост» яке аз филмҳои дар ин нимсола банаворгирифта мебошад, ки дар шакли драмаи оилавӣ эҷод шудааст. Филм муҳим будани оиларо барои инсон қисса мекунад»,- иброз дошт директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад
Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даврҳои омӯзишии «Эбру», 3D ва колиграфия ифтитоҳ шуданд
«ЗЕБОИИ ТОҶИКИСТОН–МЕРОС БАРОИ ОЯНДА». Дар Бишкек намоишгоҳи санъати тасвирии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ифтитоҳ гардиданд
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳамоиши илмӣ — адабӣ баргузор гардид
Дар маҳфили Фирдавсӣ дар Теҳрон аз сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд
«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад






