НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт 164 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 24.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сохтмони 164 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар назар аст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳия Умед Гуреззода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар доираи ин ҷашн инчунин 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 8340 ҷойи нишаст, сохтмони 10 муассисаи томактабӣ барои 2020 ҷой дар назар аст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат дар ноҳия бунёду навсозии 23 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва воридоти хатти нави истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин бахшида ба ҷашни Истиқлол таъсиси марказҳои замонавии савдою хизматрасонӣ, бунёди 3 гулгашт ва дигар чорабииниҳо пешбинӣ шудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






