НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар қарор дорад
ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар байни қишрҳои гуногуни аҳолӣ мулоқоту суҳбатҳо, семинарҳои омӯзишӣ, ҳамоишҳо, барномаҳои оммавӣ-фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор намуд. Дар ин хусус Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад имрӯз дар нишасти матуботии ин ниҳод итилоъ дод.
Мувофиқи маълумот, дар шашмоҳаи якуми соли 2024 аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 96 кг маводи нашъаовар, 13 ҳазору 731 дона ҳабҳои психотропӣ, инчунин 84 кг моддаҳои психотропӣ дар шакли хока мусодира шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки бештари ин мавод дар ҳудуди вилояти Хатлон, махсусан дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мусодира шуда, он бо роҳи кочоқ ворид мегардад. Чунончӣ, дар 6 моҳи соли 2024 дар ҳудуди вилояти Хатлон 1 тоннаву 381 кг маводи нашъадор мусодира шудааст.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 55 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор карда, фаъолияти 15 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 37 нафар ошкор ва қать намудааст. Аз ҷониби Агентӣ дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ва хориҷӣ 3 амалиёти муштарак гузаронида, 7 шахси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир гардид.
Дар маҷмуъ, ба фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд дошта шудааст.
Воқеан ҳам дар натиҷаи фаъолияти босамари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми даҳ соли охир образи манфие, ки бо кӯшиши бадхоҳон нисбат ба Тоҷикистону сокинони он сохта шуда буд, пурра ба нестӣ расонида шуд.
Имрӯз Тоҷикистон дар хати пеши мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар ҷиноятҳои замони муосир қарор дошта, ҳамчун сипари боэътимод баҳри роҳ надодан ба вуруди маводи нашъаовар ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия ва кишварҳои аврупоӣ фаъолияти назаррас дорад.
А.САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд






