Ҳоким Холиқзода дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор дар Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд

Июль 16, 2024 09:33

ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар шаҳри Ню-Йорк Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ доир ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDG/ҲРУ) барои соли 2024 иброз намуд, ки танҳо 17 фоизи ҳадафҳои мазкур иҷро гардида, қариб нисфи онҳо дар сатҳи пешрафти ҳадди ақал ё миёна қарор доранд ва дар зиёда аз сеяки онҳо пешрафт дида намешавад ё суст ба назар мерасад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки барои ноил шудан ба пешрафт дар ин самт вусъати ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирии молиявиву фаннии шарикони рушд дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ зарур мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ислоҳоти ҷорӣ дар Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дар панҷ соли охир Тоҷикистон тавонист рушди иқтисодиро дар сатҳи миёнаи солонаи 7,4 дарсад нигоҳ дорад ва Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,3 баробар афзуда, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 83 дарсади соли 2003 то 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш ёфт. Дар давоми панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум пай дар пай баланд шуда, даромади аҳолӣ 4,4 баробар афзуд. Музди миёнаи кор 2,1 баробар, нафақа 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар ҷараёни форум доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» маълумот пешниҳод гардида, даъват шуд, ки иштирокдорони чорабинӣ  дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, иштирок намоянд.

 

АКС: Намояндаги доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июль 16, 2024 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд