ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун

Июль 18, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 18.07.2024. /АМИТ «Ховар» /. Тавре ҳамагон иттилоъ доранд, 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардида, он аз 7 боб ва 25 модда иборат мебошад. Сабабу омилҳои дар таҳрири нав, таҳия ва қабул гардидани ин қонун дар чист ва вазифаи минбаъдаи он аз чӣ ибораст аст? Дар ин хусус доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Нурулло Қурбонализода ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода дар мақолае, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудаанд, чунин ибрози назар кардаанд:

— Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ зарурати қабули қонунҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, бо мақсади ба талаботи нави муносибатҳои ҷамъиятӣ мутобиқ гардонидани онҳо пеш меояд. Шаҳодати яке аз ин ҳолатҳо дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз 20 июни соли 2024 маҳсуб мешавад.

Ҳанӯз соли 2011 бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардида буд. Аз қабул ва амали қонуни мазкур 13 сол сипарӣ гардид ва ба он 5 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Нақш ва манзалати ин қонун дар тақвияти масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд басо муҳим ва назаррас арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 баён намуданд, ки «Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод. … Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд».

Вазъи тағйирёбандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешрафти ҷаҳони муосир имкон намедиҳад, ки қонунгузор ҳамаи нозукиҳои муносибатҳои ҷамъиятиро дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври мукаммал, бидуни ихтилофоти меъёрӣ, расмиёти маъмурӣ ва намудҳои дигари осебпазир пешбинӣ намояд.

Аз ин рӯ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии босифат ва асоснок тақозои замон мебошад. Зеро, муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шуда, ҳаматарафа, мушаххас, сода ва фаҳмо ифода ёфтани меъёрҳои он кафолати таъмини қонуният мебошад ва низоми давлатдориро мустаҳкам мегардонад.

Ҳамзамон, бо натиҷагирӣ аз татбиқи 13 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 таъкид доштанд, ки «ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи кишвар дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Аз соли 2016 то имрӯз барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 19 ҳазору 480 нафар, аз ҷумла 1170 нафар омӯзгорон ва 18 ҳазору 310 нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Боиси ташвиш аст, ки вайронкунии талаботи қонунҳои миллии номбаршуда бештар аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, ходимони дин, фарзандон ва хешу табори онҳо содир мегардад.

Бинобар ин, мувофиқи мақсад меҳисобам, ки бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад». Боиси таъкид аст, ки 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардида, он аз 7 боб ва 25 модда иборат мебошад.

Сабабу омилҳои дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз инҳо иборат аст:

— содаву оммафаҳм ва ба таври васею фарогир танзим намудани муносибатҳо оид ба таълиму тарбияи кӯдак бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда ва ҷавобгӯ ба талаботи замон дар доираи қонуни мазкур;

— мушаххасу мукаммал намудани салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ ҷиҳати идоракунии давлатӣ, ҳамоҳангсозӣ, назорат, ҳамкории мақомоти давлатӣ, ҷомеаи кишвар ва татбиқи мушаххаси меъёрҳои қонуни мазкур;

— шарҳу тавзеҳи дурусти истилоҳоти ҳуқуқӣ, аз байн бурдани носаҳеҳӣ (духӯрагӣ) ва гуногунфаҳмии меъёрҳои ҳуқуқӣ доир ба муносибатҳо дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ки дар қонуни қаблан амалкунанда мавҷуд буданд;

— танзими роҳу василаҳои нави таълиму тарбияи кӯдак, ба таври мукаммалу васеъ пешбинӣ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳое, ки ба таълиму тарбияи кӯдак машғуланд, бо дарназардошти баэътиборгирии омилҳои тағйирёбандаи таъсиррасон ба раванди таълиму тарбияи кӯдак, зуҳуршавии роҳу василаҳои падидаҳои нави манфӣ ва дигар равандҳои номатлуби ҷомеаи муосир, ки ба таълиму тарбияи кӯдак таъсиррасонанд;

— тақвияти масъулияти падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда, бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак;

— таҳкими фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, яъне кори дастаҷамъона ва фарогир будани таълиму тарбияи кӯдак ба ҳамаи субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ;

— тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, пеш аз ҳама таваҷҷуҳ ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак, инчунин танзими муносибатҳои нав бобати андешидани чораҳои пешгирикунандаи ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт;

— мутобиқ намудани сохтор ва мазмуни қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар пасманзари муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017;

— мутобиқ намудани истилоҳот ва мазмуни қонуни мазкур ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон » ва ба талаботи нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст.

НАВГОНИҲОИ ҚОНУН

Дар Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид, ки яке аз ҳадафҳои он роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қонунҳои соҳаҳои алоҳида ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, шарҳу тавзеҳи навгониҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» басо муҳим ва саривақтӣ маҳсуб ёфта, ба татбиқи ҳадафҳои эълонгардидаи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мусоидат менамояд:

Ивази ном ва васеъ намудани мавзуи танзими қонун. Қонуни қаблан амалкунанда масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд муайян менамуд. Чуноне ки аз номи қонун маълум буд, он масъулияти падару модар, яъне волидонро дар ин самт муқаррар ва пешбинӣ мекард. Дар моддаи 1 қонун бошад, доираи муносибати танзими он бо муқаррарнамоии масъулияти падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, пешбинӣ гардида буд.

Аммо, аз таҳлили муқаррароти қонун бармеомад, ки дар он на танҳо масъулияти падару модар, балки масъулият, яъне уҳдадории фарзандони болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъминоти падару модар (боби 3, моддаи 10), инчунин уҳдадориҳои омӯзгор, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд (боби 4, моддаҳои 11-13) муқаррар гардида буд.

Ин ҳолатҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки номи қонун ба пуррагӣ муносибатҳои дар он дарҷгардидаро фаро намегирифт. Бо дарназардошти масъалаҳои мазкур зарурати таҷдиди назар намудани номи қонун дар пайвастагӣ бо васеъ намудани мавзуи танзим ва субъектҳои он ба миён омад. Дар робита бо ин, номи қонун ба мавзуи танзими он мутобиқ гардонда шуда, мавзуи танзим ва субъектҳои он васеъ карда шуд.

Дар асоси муқаррароти моддаи 1 қонуни қаблӣ муносибатҳои ҷамъиятие, ки қонуни мазкур танзим менамуд ин масъулияти падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда дар таълиму тарбияи фарзанд буд. Ҳол он ки дар боби 3 (уҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар), ки як моддаро фаро мегирад (моддаи 10 — уҳдадориҳои фарзанди болиғу қобили меҳнат дар нигоҳубин ва таъмини падару модар) аз доираи муносибатҳои танзимии қонун берун мебошад. Чунки муносибатҳои мазкур пеш аз ҳама аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, тавассути муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. Дар робита бо ин, масъалаи мазкур аз доираи мавзуи танзим ва муқаррароти қонуни амалкунанда хориҷ карда шуд.

Такмили муқаддимаи қонун. Муқаддимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба талаботи қисми 2 моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқат наменамуд. Мувофиқи он муқаддима қисми таркибии санади қонунгузорӣ буда, дар он мавзуи қабули санади қонунгузорӣ, мақсад ва вазифаҳои асосии он ифода карда мешавад. Аз таҳлили муқаддимаи қонуни қаблӣ маълум мегардад, ки дар он танҳо мақсади қабули он пешбинӣ гардида, мавзуъ ва вазифаҳои қонун истисно гардидааст.

Бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муқаддимаи қонуни амалкунанда дар таҳрири зерин ифода гардид, ки дар он мавзуи қабули санад, мақсад ва вазифаҳои асосии он инъикос карда шудаанд: «Қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст».

Такмили мафҳумҳои асосӣ. Бояд иброз намуд, ки истилоҳи «фарзанд» ва «кӯдак» дар қонуни қаблӣ ба таври гуногун истифода гардида буд. Барои мисол дар номи боби 5 истилоҳи «фарзанд» ва дар моддаи 16 ҳамин боб истилоҳи «кӯдак» истифода шуда буд. Ҳарчанде ки тибқи моддаи 4 қонуни қаблӣ ин мафҳумҳо ҳаммаъно пешбинӣ гардида буданд, вале барои як муносибат истифода аз калимаҳои гуногун ба мураккаб гардидани фаҳмиши меъёрҳо ва дар баъзе мавридҳо боиси гуногун татбиқ намудани муқаррароти қонун мегардад. Дар ин замина, дар қонуни нав мушкилоти мазкур бартараф карда шуда, дар ном ва матни қонун истилоҳи «кӯдак» истифода гардидааст, ки аз дидгоҳи ҳуқуқӣ ба мазмун ва сохтори қонуни мазкур пурра мувофиқ аст.

Яке аз мафҳумҳои наве, ки дар қонуни амалкунанда пешбинӣ шудааст ин «масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» мебошад, ки уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар раванди таълиму тарбияи кӯдак ифода менамояд. Ҳарчанд, ки қонуни қаблӣ масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ном дошт, аммо дар он мафҳуми масъулияти падару модар пешбинӣ нагардида буд. Ҳамзамон, мафҳумҳои «кӯдак», «таълим», «тарбия», «шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд», «марказҳои дилхушӣ» бо дарназардошти ҳадафҳои нави қонун такмил дода шуданд.

Дақиқ ва возеҳ пешбинӣ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои се ниҳоди муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷтимоӣ — оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа. Тағйиру иловаҳо ба сохтори қонуни мазкур дар тарҳи нав аз як тараф мазмуни қонунро мукаммал намуда, аз тарафи дигар, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои се ниҳоди муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷтимоӣ — оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеаро, ки дар раванди таълим ва тарбияи кӯдак нақши калидӣ доранд, дақиқ ва возеҳу мушаххас намуд.

Минбаъд барои вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, даст задани кӯдак ба амалҳои норавою ношоиста ва дигар корҳои номатлуб на фақат волидайн, балки масъулони муассисаҳои таҳсилотӣ ва ҷомеа (мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ) ҷавобгар ҳисобида мешаванд. Бинобар ин, навгониҳои мазкур минбаъд боис бар он мегардад, ки робитаи мустақим байни ин се ниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон имоӣ вусъат ёбанд ва дар раванди таълиму тарбияи кӯдак, насли ояндасозу солими кишвар якҷоя тадбирандешӣ ва муносибати ҷиддӣ намоянд.

Навгониҳо — принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак. Яке аз навгониҳои дигари қонуни мазкурро моддаи 4 ташкил намуда, ба масъалаи принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак бахшида шудааст. Мутобиқи он масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба принсипҳои зерин асос меёбад: 1) эҳтироми кӯдак, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ; 2) таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдак; 3) қонуният; 4) адолат; 5) инсондӯстӣ; 6) муносибати инфиродӣ ба таълиму тарбияи кӯдак, аз ҷумла кӯдаки дар вазъияти номусоиди иҶумҳурии Тоҷикистон имоӣ қарордошта; 7) пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдак; 8) иштироки аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи кӯдак; 9) ногузирии ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои кӯдак.

Принсипҳои мазкур ҳангоми иҷрои масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак аҳаммияти назаррас дошта, субъектҳои дар раванди мазкур иштироккунанда уҳдадор мегарданд, ки тибқи талаботи принсипҳои мазкур амал намоянд. Ҳамзамон, ҷиҳати дигари аҳаммиятноки принсипҳои болозикр дар он зоҳир мегардад, ки минбаъд тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур дар заминаи ба эътибор гирифтани талаботи онҳо ба роҳ монда шуда, мақомоти давлатӣ ва субъектҳо уҳдадоранд, ки ҳангоми татбиқи қонуни мазкур ин принсипҳоро ба роҳбарӣ гиранд.

Навгониҳо доир ба сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак. Дигар навгонии Қонуни мазкурро ин масъалаи сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ташкил медиҳад, ки дар моддаи 5 пешбинӣ гардидааст. Тибқи он сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз инҳо иборат мебошад: 1) таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, роҳ надодан ба поймолкунии онҳо; 2) таҳкими кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, инчунин барқарор кардани ҳуқуқҳои поймолшудаи ӯ; 3) ташаккули асосҳои ҳуқуқии кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак; 4) мусоидат ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак, тарбияи ӯ дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва сулҳдӯстӣ; 5) таъмини фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии кӯдак; 6) роҳ надодан ба табъизи кӯдак, новобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, ҷинсӣ, динӣ, забонӣ, вазъи иҶумҳурии Тоҷикистон имоӣ ва молумулкӣ, ҳолати саломатӣ ва дигар аломатҳо; 7) дастгирии давлатии ташкилотҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳифз менамоянд.

Навгониҳо оид ба салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ. Яке аз масъалаҳои муҳим оид ба татбиқи қонун ин муқаррар намудани салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ маҳсуб мегардад. Бо мақсади андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва муайян намудани салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар самти таълиму тарбияи фарзанд аз 8 феврали соли 2017, №835 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ки дар он масъули иҷрои ҳар як сархату банд, қисм ва моддаи қонун дар алоҳидагӣ пешбинӣ гардида буд.

Аммо, пас аз қабули фармони мазкур 4 маротиба ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» солҳои 2018, 2019 ва ду маротиба дар соли 2022 тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, муқаррароти таснифгардида ба вазорату идораҳои дахлдор тағйир ёфтанд.

Бо мақсади таснифи салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ доир ба иҷрои муқаррароти қонуни мазкур зарур буд, ки ба замимаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 8 феврали соли 2017 тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Ҳамзамон, зарур буд, ки дар қонуни мазкур як боби алоҳида оид ба салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ илова карда шавад.

Бо ин назардошт, яке аз навгониҳои муҳимми қонуни мазкур ин дар таҳрири нав қабул намудани санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт ба шумор рафта, навгонии дигари муҳимми он дар доираи боби алоҳида (боби 2) пешбинӣ намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, салоҳият ва ваколати онҳо дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ба шумор меравад.

Дар асоси муқаррароти моддаи 7 мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, инҳо ба ҳисоб мераванд: 1) мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак; 2) мақомоти дигаре, ки дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак иштирок мекунанд. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, аз ҷониби Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак анҷом дода мешавад.

Тибқи муқаррароти моддаи 8 салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 9 ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва тибқи моддаи 10 доираи масъалаҳои мақомоти дигар, ки дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак иштирок мекунанд, пешбинӣ шудаанд.

Ба мақомоти дигар, ки дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак иштирок мекунанд, дохил мешаванд: 1) вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мудофиа, тандурустӣ ва ҳифзии Ҷумҳурии Тоҷикистон имоии аҳолӣ, кумитаҳо оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим; 2) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; 3) мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

Навгониҳо оид ба вазъи ҳуқуқии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак. Яке аз навгонии дигари Қонуни мазкур ин боби 3 бо номи «Комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» мебошад. Дар қонуни қаблӣ чунин боб мавҷуд набуд. Масъалаҳои комиссияҳои ҷамъиятӣ ба таври маҳдуд дар қонуни қаблӣ (қисми 2 моддаи 11) танзим гардида буд. Боби мазкур фарогири 2 модда (моддаҳои 11 ва 12) буда, дар он масъалаҳои умумӣ ва вазифаҳои комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак танзим гардидааст.

Навгониҳо — пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак. Инчунин, яке аз навгонии дигаре, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, боби 6 бо номи «Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак» мебошад. Дар қонуни қаблӣ чунин боб ва масъалаҳо танзим нагардида буд. Боби мазкур фарогири 2 модда (моддаҳои 21 ва 22) буда, масъалаҳои умумӣ ва чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдакро танзим намудааст.

ОҚИБАТҲОИ ҲУҚУҚИИ РИОЯ НАКАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ОН

Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар, омӯзгор, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо уҳдадор гардидаанд, ки барои таълиму тарбияи кӯдак шароити мусоид фароҳам оваранд. Дар ҳолати аз ҷониби шахсони масъул иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадории ба зиммаашон гузошташуда, онҳо тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Махсусан, дар моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» пешбинӣ гардидааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Бояд иброз намуд, ки меъёри моддаи мазкур хусусияти бланкетӣ дорад, яъне ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда ҷазо татбиқ карда мешавад. Меъёри дорои хусусияти бланкетӣ гуфта, намуди меъёри ҳуқуқиро меноманд, ки барои пурра татбиқ намудани меъёр ба меъёрҳои дигари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳавола мекунад.

Ҷавобгарии ҳуқуқӣ василаи муҳимми муътадил амал намудани муносибатҳои ҳуқуқӣ ва иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Муқаррар намудани чораи ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҳамчун василаи муҳимми татбиқи самараноки муқаррароти Қонуни мазкур, татбиқи қонунияти ҳуқуқӣ ҷиҳати танзими муносибатҳои марбут ба масъулият оид ба таълиму тарбияи кӯдак ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ин самт ба шумор меравад.

Дар пасманзари дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» масъалаҳо вобаста ба муқаррар намудани чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар ин самт тибқи муқаррароти дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуданд, ки яке аз навгониҳои қонунгузорӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак мебошанд.

Аз ҷумла, то ин муддат дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз як қисм иборат буд, барои иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ мекард. Ба таври умумӣ муайян будани ҷавобгарӣ барои иҷро накардани масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак самаранокии татбиқи онро аз байн бурда, ба таври пурра ба сатҳи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат намекунад.

Аммо, дар заминаи дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон » аз 20 июни соли 2024 масъалаҳои муқаррар намудани ҷавобгарии маъмурӣ дар доираи моддаи 90 Кодекси мазкур дар таҳрири нав ва дар шакли васеъ пешбинӣ карда шуд.

Дар асоси муқаррароти моддаи 90 Кодекси мазкур барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак ҷазо барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба субъектҳои дахлдор пешбинӣ карда мешавад:

Барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад.

Барои аз ҷониби падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, пешгирӣ накардани амалҳои зерини кӯдак:

— маводи дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро паҳн кардан;

— ба марказҳои дилхушӣ ва ё дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтан;

— ба биною иншоот, панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда зарар расондан;

— ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву буранда, инчунин гирифта гаштани онҳо.

Барои аз ҷониби падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад ва кормандони муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак истифода бурдани зӯроварӣ, инчунин назорат накардани кӯдак, ки дар натиҷа боиси аз ҷониби ӯ истифода шудани зӯроварӣ нисбат ба дигар шахсон мегардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят.
Инчунин, барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои дар муқаррароти болозикр пешбинигардида, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба субъектҳои тибқи қонунгузорӣ муайянгардида, ҷазои вазнинтар пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамчунин, дар заминаи чунин чораандешиҳо муқаррароти моддаи 464 (1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ ва марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютериро дар таҳрири нав пешбинӣ намуд. Барои аз тарафи шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ (клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок), инчунин марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда, ҷазои дар моддаи мазкур пешбинишуда татбиқ карда мешавад.

Инчунин, доир ба масъалаи монеъ гардидан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон » аз 19 июни соли 2024 моддаи 164 дар таҳрири зерин ифода карда шуд: «монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ба ҳар тарзе монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумиро дар бар гирифта, ҷазои ҷиноятиро дар шакли ҷарима, корҳои ҳатмӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлатҳои муайян пешбинӣ менамояд».

АФЗАЛИЯТҲОИ ҲУҚУҚИИ ҚОНУН

Таҳлилҳо вобаста ба таҷрибаи таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» воқеан собит намуд, ки дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи таҳия ва қабули он асоснок, саривақтӣ ва дорои афзалияти ҳуқуқии муҳимми зерин мебошад:

1) яке аз афзалияти муҳимми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар он аст, ки масъалаҳои таълиму тарбияи кӯдак на танҳо аз дидгоҳи хоси ҳуқуқӣ, балки бо фарогирии ҷанбаҳои иҶумҳурии Тоҷикистон имоиву фалсафӣ, психологиву ахлоқӣ, сиёсиву идеологӣ ва фарҳангӣ таҷассум ёфтаанд.

Ин ҳолатҳо бозгӯйи он ҳастанд, ки падидаи «таълиму тарбияи кӯдак» падидаи сирф ҳуқуқӣ набуда, аз нигоҳи илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода мешавад.

Маҳорати баланди фаъолияти қонунэҷодкунӣ дар ин самт ифодагари он аст, ки ҷанбаҳои мухталифи таълиму тарбияи кӯдак дар сатҳи қонун инъикос ёфтаанд. Чунин афзалияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» далели он аст, ки зимни тарғибу ташвиқ ва амалӣ намудани корҳои тарбиявӣ дар ин самт дар баробари донишҳои ҳуқуқӣ, инчунин донишҳои соҳаҳои дигари ҷомеа басо муҳим аст.

Дар ҳамин замина, ба мақсад мувофиқ аст, ки ҷиҳати густариши масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар баробари ҳуқуқшиносон дигар мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҷомеашиносӣ низ ба корҳои тарғибу ташвиқ ва фаҳмондадиҳӣ ҷалб карда шаванд;

Бояд иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи таҳияи қонунҳоро бо назардошти хусусияти хос ба низоми сиёсати ҳуқуқии мамлакат доро мебошад. Махсусан, бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон », соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардиданд ва таҷрибаи татбиқи онҳо дар рушди бонизоми соҳаҳои мазкур назаррас ба шумор меравад.

Воқеан ин иқдомҳо ба рушди устувори низоми қонунгузории миллӣ мусоидат намуданд, ки доир ба танзими соҳаҳои алоҳидаи ҳаёти ҷомеа чунин қонунҳои хос ба низоми давлатдории мо таҳия ва қабул мешаванд.

Аз ҷумла, дар пасманзари ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат вобаста ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» (03.01.2024) қабул гардид, ки идомаи чунин таҷрибаи хоси қонунгузории мамлакат ба ҳисоб рафта, чунин таҷриба дар қонунгузории давлатҳои дигар ба мушоҳида намерасад;

2) дуюм афзалияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар он мебошад, ки он қонуни махсуси соҳавӣ дар танзим ва амалинамоии ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак ва пурзӯр намудани масъулияти субъектҳои таълиму тарбия ба шумор меравад.

Бояд иброз намуд, ки дар низоми қонунгузории мамлакат дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ вуҷуд доранд, ки ҷанбаҳои алоҳидаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва баъзе аз масъалаҳои таълим ва тарбияи онҳоро ба танзим медароранд. Аз ҷумла, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарияти тарбияи оилавии кӯдаконро яке аз принсипҳои ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ эътироф намуда, шаклҳои тарбияи кӯдакон, аз ҷумла кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд ва субъектҳои асосие, ки барои тарбия ва нигоҳубини кӯдакон масъулият доранд, муайян намудааст. Яъне, дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ бештар сухан оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак ва таълиму тарбияи он дар доираи оила ва ҳамчун субъекти асосӣ падару модар ба шумор меравад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015 бевосита асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро муқаррар менамояд. Ҳамчунин, баъзе масъалаҳои марбут ба амалишавии ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаҳои таълимӣ дар ин самт дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф пешбинӣ гардидааст.

Аммо, афзалияти муҳимми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таносуб ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии болозикр дар он мебошад, ки масъулияти бевоситаи падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда, мақомоти давлатӣ, муассисаи таълимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва амсоли ин субъектҳоро ҷиҳати таъмини амалинамоии ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, ҷоннок намудани раванди таълиму тарбияи кӯдак ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии кӯдаконро пешбинӣ менамояд. Ин ҳолатҳо, дар умум бозгӯйи он ҳастанд, ки қонуни баррасишаванда мавзуъ, субъект ва роҳу василаҳои махсуси танзим дошта, такрори мавзуи қонунҳои болозикр намебошад;

3) афзалияти дигари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар он аст, ки бештари масъалаҳо оид ба таълиму тарбияи кӯдак ба таври мушаххас дар қонун танзим гардида, ба санадҳои дигари қонунгузорӣ кам ҳавола мешаванд.

Таҳлили муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» собит намуд, ки аксарияти муносибатҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак бевосита дар қонун танзим шудаанд. Таҳлили меъёрҳои қонун нишон медиҳад, ки танҳо барои татбиқи ин қонун қабули ду санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ, аз ҷумла, як қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва тасдиқ намудани «Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» пешбинӣ шудааст;

4) чорум афзалияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар он ифода меёбад, ки он бо назардошти арзишҳои миллӣ, таълимоти ниёгон, таҷрибаи низоми қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидааст. Тибқи таҳлилҳо, дар низоми қонунгузории давлатҳои дигар, махсусан миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар чунин шакл дар сатҳи умумидавлатӣ қонуни алоҳида то ҳол қабул нашудааст.

Аллакай дар давлатҳои ИДМ оид ба таҳияи чунин лоиҳаи қонун бо назардошти таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифта шудааст, ки ин мояи ифтихор мебошад. Ҳамзамон, дар заминаи таҷрибаи андӯхтаи кишвари мо доир ба танзими ҳуқуқии масъалаҳои таълиму тарбияи кӯдак таҳияи лоиҳаи Қонуни моделӣ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ ба нақша гирифта шудааст;

5) дигар афзалияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар он мебошад, ки он ба амалишавии муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва қонунгузории соҳаи маориф, тандурустӣ, таъминоти иҶумҳурии Тоҷикистон имоӣ, оилавӣ, меҳнат ва ғайра мусоидат менамояд.

Аз ҷумла, тарбияи ватандӯстӣ ин фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронида шудааст.

Тавре ки аз муқаддимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бармеояд, он муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст. Яъне, яке аз вазифаҳо ва масъулияти аввалиндараҷаи субъектҳои раванди таълиму тарбияи кӯдакро маҳз масъалаи тақвияти тарбияи ватандӯстӣ ташкил менамояд.

Бо ин назардошт, амалинамоии қонуни мазкур заминаи мусоидро барои татбиқи пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фароҳам оварда, ифодаи пайванди мантиқӣ ва ҳамдигарии муқаррароти қонунгузорӣ ба шумор меравад.

Нурулло ҚУРБОНАЛИЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Муҳаммадҷон СОҲИБЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини якуми директори
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 18, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд