Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкории пурмаҳсулу судмандро ба роҳ монда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу мамлакатамон муҳимро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз аз шумораи умумии санадҳои ҳамкории дуҷониба 9-тои он тавассути парлумонҳои ҳар ду давлат тасдиқ гардидааст ва пешниҳод гардид, ки вобаста ба талаботи замони муосир амалигардонии онҳо бозбинӣ ва тақвият дода шаванд.
Иброз гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли Ассамблеяи парламентии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дафтари кории он дар шаҳри Исломобод ҷойгир аст мебошад. Дар робита ба ин намояндагони парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои доимии Ассамблея иштирок намуда, доир ба густариши ҳамкории иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо мавқеи худро баён менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






