Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва Театри миллӣ шинос шуданд

Июль 25, 2024 12:05

ДУШАНБЕ, 25.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои навсозӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров  шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ,  дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ гардида, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Дарозии роҳ 6,6 километрро ташкил намуда, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад. Дар қисматҳои алоҳидаи роҳ ду хатти алоҳидаи дигар барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар оянда 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ сохта мешавад. Роҳҳои дусатҳа дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ бо Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта ба истифода дода мешавад.


Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастандаркорон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба итмом расонидани корҳои боқимонда дастур доданд.

Навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо сохти меъморӣ, имкониятҳои васеи хизматрасонӣ дар Тоҷикистон дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат барои ба шаҳри пешрафта табдил додани пойтахти мамлакат амалӣ мешавад. Амалишавии чунин лоиҳа бо 5 роҳи дусатҳаву имкониятҳои васеъ барои ҳаракати нақлиёт, роҳи махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе бори аввал сурат мегирад.

Сохтмони роҳ аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт мусоидат мекунад.

Ҳамчунин Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо  ҷараёни корҳои сохтмонии Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд.


Бинои Театри миллии Тоҷикистон аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, тибқи лоиҳа аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мебошад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар, яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон бо омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад.

Аснои шиносоӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба мутахассисон ҷиҳати дар сатҳу сифати баланд иҷро намудани корҳо дастуру супоришҳо дода, иброз намуданд, ки Театри миллии Тоҷикистон яке аз бузургтарин ва зеботарин иншоот ҷумҳурӣ хоҳад шуд.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

 

Июль 25, 2024 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад