«САҲМИ ИБНИ СИНО ДАР ТАШАККУЛИ ТИББИ ҚАДИМ ВА МУОСИР: ОСОРИ ИЛМӢ, ТАҶРИБА ВА НАЗАРИЯ». Таҳти ин унвон дар Русия озмуни мақолаи беҳтарин эълон гардид

Июль 10, 2024 14:28

ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо мақсади бузургдошти алломаи Шарқ Абуалӣ Ибни Сино озмуни мақолаи беҳтаринро  таҳти унвони «Саҳми Ибни Сино дар ташаккули тибби қадим ва муосир: осори илмӣ, таҷриба ва назария» эълон менамояд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, озмун дар қаламрави Федератсияи Русия ва берун аз он баргузор карда шуда, дар он намояндагони касбу кори гуногун, алоқамандони осори Ибни Сино, табибон, ҳамшираҳои шавқат, ординаторон, донишҷӯёни равияи тиббӣ ва олимону муҳаққиқони соҳаи тиб иштирок карда метавонанд.

Бо мақсади муайян намудани беҳтарин мақолаҳои илмӣ-публисистӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолият, осори эҷодӣ, амалияи фаъолияти тиббӣ, назарияи фалсафӣ ва илмии Ибни Сино дар иртибот ба саҳми арзишманди  Абуалӣ Ибни Сино дар соҳаи тибби ҷаҳонӣ Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, қабули мақолаҳо то 13 августи соли 2024, соати 18:00 ба вақти Москва тавассути суроғаи электронии tojikon.pressa@list.ru  қабул карда мешаванд.

Мақолаҳои пешниҳодгардида бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj,  андозаи ҳуруфи 14,  дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи компютерӣ то 13  августи 2024  қабул карда мешаванд.

Ғолибони озмуни мақолаи беҳтарин муайян карда шуда, аз ҷониби Шурои ҷамъиятӣ бо Диплом, туҳфаҳои пуливу хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

АКС: Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Июль 10, 2024 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд