Сафири Тоҷикистон дар маросими кушодашавии XXXIII Фестивали байналмилалии санъат «Славянский базар» иштирок намуд

Июль 17, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 17.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода дар маросими кушодашавии XXXIII Фестивали байналмилалии санъат «Славянский базар», ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Беларус хабар медиҳад.

Дар чорабинии мазкур, ки 11-12 июл баргузор шуд, Рӯзи фарҳангҳои миллии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуда, аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон гӯшаи фарҳанги миллӣ ташкил гардид.

Дар гӯшаи Тоҷикистон либосҳои миллӣ ва китобҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо якчанд забон тарҷума ва нашр шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуда, ба иштирокдорони чорабинӣ оид ба таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик маълумот пешниҳод гардид.

Бахтовар Сафарзода дар доираи чорабинӣ, дар мулоқоти вазирони фарҳанги давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти шиори «Барои сулҳ ва бунёдкорӣ» дар мавзуи «Муколамаи фарҳангҳо-омили ягонагии халқҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай» сухан намуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Беларус

Июль 17, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қатар ифтитоҳи парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа баррасӣ шуд
Дар Душанбе машваратҳои Тоҷикистон ва Чин дар масоили Созмони ҳамкории Шанхай доир шуданд
Маҷмаи Умумии СММ доир ба ташаббуси навбатии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034» қатънома қабул намуд
ДАР ТОҶИКИСТОН ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ҶУЗЪЕ АЗ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ АСТ. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамоиши матбуотӣ баргузор шуд
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар таъмини амният ва мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Корея густариши ҳамкорӣ байни ду давлатро дар соҳаҳои тиҷорату саноат баррасӣ намуданд
Дар Остона нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дурнамои рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Низоми бераводид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди амал қарор мегирад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд баррасӣ гардид
Тавсеаи равобит байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Амири Давлати Қатар эътимоднома супорид