Маҷмаи Умумии СММ доир ба ташаббуси навбатии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034» қатънома қабул намуд

Август 14, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 14.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 август Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бо қабули ин қатънома солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера бо мақсади пешбурди ҳамкории илмии сатҳи ҷаҳонӣ, бахусус тавассути баргузории таҳқиқот ва мониторинги илмии алоқаманд ва талошҳои рушди устувор дар доираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.

Дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат таҳти унвони “Пиряхҳо дар ҷойҳои мероси ҷаҳонӣ” дар мавриди обшавии босуръати пиряхҳо омадааст, ки то соли 2050 пиряхҳои объектҳои мероси ҷаҳонӣ, ки дар сеяки онҳо пиряхҳо мавҷуданд, аз байн мераванд.

Бинобар ин, дар ин қатънома аз тамоми давлатҳои аъзои СММ, ташкилоти дахлдори низоми он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ, мардуми бумӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла аҳли илм, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шахсони алоҳида даъват ба амал оварда шудааст, ки дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъолияте, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он ва тағйирот дар криосфера мусоидат менамоянд, табодули таҷриба ва донишҳои беҳтаринро ба роҳ монанд.

Ҳамзамон дар он бо такя ба қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025” (A/RES/77/158), ки қаблан бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, аз ҳукуматҳо, ташкилоти байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, дигар ҷонибҳои манфиатдор ва донорҳо даъват шудааст, ки ба Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Дабири кулл дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори низоми СММ, аз ҷумла ЮНЕСКО ва Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ мудирият мешавад ва барои дастгирии кишварҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои он мусоидат менамояд, саҳм гузоранд.

Дар ин қатънома аҳаммияти ташаббусҳои марбут ба криосфера барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дарҷ гардида, аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба даъвати Конфронси байналмилалӣ бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе дар соли 2025 истиқбол карда шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки оид ба ташаббуси қабули ин даҳсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Душанбе, 11 июни соли 2024) аз кишварҳои аъзои СММ даъват ба амал оварданд, то аз ин ташаббус пуштибонӣ намоянд. Хотиррасон бояд кард, ки пешбарии ин ташаббус яке аз натиҷаҳои Нишасти қутбии “Як cайёра” (Париж, 8 ноябри соли 2023) низ ба ҳисоб меравад.

Бо қабули ин ташаббус нақши боризи мамлакат дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит гардида, кишварҳои аъзои СММ омодагиро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар доираи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034” иброз намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 14, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад