Дар Қатар ифтитоҳи парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа баррасӣ шуд

Август 15, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 15.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ифтитоҳи парвозҳои мустақими ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа 14 август зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо директори генералии Ширкати ҳавопаймоии хатсайрҳои қатарӣ (Qatar Airways Group) Бадр Муҳаммад Ал-Мир баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва истифодаи самараноки имконияти сайёҳии ду давлат низ муҳокима гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 15, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намоишгоҳи байналмилалии «Устувории об барои ҳалли масъалаҳои иқлимӣ» ташкил карда мешавад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати «LANXESS AG»-и Олмон мулоқот намуд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мудирияти захираҳои об баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Дабирхонаи Анҷумани ҳамкории Корея-Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Боку нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Словения баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Давлати Кувайт нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни олмонӣ — омӯзандагони забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин вохӯрӣ намуд