Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо сатҳи равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба тақвият бахшидани ҳамгироӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, илму маориф ва фарҳанг ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Иттиллоъ дод шуд, ки соли 2023 гардиши савдои Тоҷикистон ва Покистон 52,7 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 62,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таъкид шуд, ки новобаста аз нишондиҳандаҳо то ҳол ҷиҳати густариши бештари равобити иқтисодиву тиҷоратӣ имкониятҳои дуҷониба ба пуррагӣ истифода нашудаанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин таҳкими ҳамкории бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ зарур шумориданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






