Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

Июль 5, 2024 22:10

ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии рӯзи 5 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, ки бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дар қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо самимияти хосаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.

Роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон муҳтарам Си Ҷинпин бо намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ, ки дар деҳқадаи бӯстонсаро омода шуда буд, шинос шуда, таассуроти нек бардоштанд.
Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 05.07.2024

Июль 5, 2024 22:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»