ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 июл, душанбе, 204-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 22, 2024 08:00

22 июли соли 1989 Шурои Олии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи забон»- ро қабул намуда буд.

***

22 июли соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба офатҳои табиӣ ва иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои онҳо дар баъзе шаҳру навоҳии мамлакат баррасӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб  дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷалби сармоя, саноат, кишоварзӣ ва озуқаворӣ баррасӣ шуд.

***

5 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, таҳлилу баррасии ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва ошкор намудани якчанд камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарони баъзе ноҳияҳои вилоят тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.

***

22 июли соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик оғоз бахшиданд.

***

22 июли соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли 2022 теъдоди умумии нафақагирон 761 ҳазору 312 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 527 нафар ё 2,2 фоиз зиёд мебошад.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид, ки дар он самтҳои гуногуни ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

22 ИЮЛ:

 Дар Озарбойҷон- Рӯзи матбуоти миллӣ.

***

Дар Свазиленд- Рӯзи ҷомеа.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Фаттоҳ Одина – соли  1938- оҳангсози маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, лауреати мукофоти ба номи А. Александров ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Июль 22, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, якшанбе, 231-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, ҷумъа, 229-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст