ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июл, душанбе, 211-умин рӯзи соли 2024 аст
29 июли соли 1930 аввалин ҳавопаймои мусофирбар аз Англия ба Канада парвоз кард.
***
Дар ин рӯзи соли 1994 дар Австралия ҳарорати аз ҳама пасттарини ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки он -23,0 дараҷаро ташкил дод.
***
29 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Меморандум оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаи савдо ва саноати Покистон ба имзо расид.
***
29 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро имзо намуданд.
***
9 сол пеш, 29 июли соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои амнияти озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ва бо узвияти роҳбарони вазорату идораҳои марбута фаъолият менамояд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари вақти Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Синфэн масоили ҳамкорӣ дар самти ҳамҳангсозии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосирро баррасӣ намуданд.
***
29 июли соли 2021 баъди ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва омӯзгорони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 маротибаи аввал дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Узбекистон Озмуни байналмилалии корҳои илмию инноватсионӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни курси 3-юми факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Таиров ва Маҳноза Кабирова иштирок намуда, ғолиб омаданд.
29 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии паланг.
***
Дар Молдова – Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Руминия – Рӯзи суруди миллӣ.