«Тоҷикаэронавигатсия»: «Дар шаш моҳи соли равон шумораи парвозҳои транзитӣ афзуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 70,5 фоиз зиёд гардидааст»

Июль 24, 2024 17:29

ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб дар соли равон ба 33 ҳазору 379 ҳавопаймо хизмат расонидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 8 ҳазору 133 адад ё ин ки 32 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода 24 июл дар Душанбе зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Директори Агентии авиатсияи гражданӣ иброз намуд, ки дар ин давра шумораи парвозҳои транзитӣ ба 22 ҳазору 38 адад расид, ки дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли гузашта ба миқдори 9 ҳазору 119 парвоз ё 70,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар нимсолаи якуми соли равон Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» узви Ташкилоти хизматрасониҳои аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) гардид, ки ин дастовард дар баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, малака ва таҷриба бо корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии пешрафтаи ҷаҳон, васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ифтитоҳи долонҳои нав, таҷдиди низом ва технологияҳои аэронавигатсионӣ нақши муҳим мебозад.

Ҳамзамон муовинии якуми директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Даврон Шодмонбекзода дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт, ки дар низоми Авиатсияи граждании Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» нақши муҳим дошта, роҳбарият ва аҳли кормандони он ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмин намудани низом ва таҷҳизоти муосири хизматрасонии аэронавигатсионӣ, бехатарӣ ва васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, ифтитоҳи хатсайрҳои нав ва ба ин васила рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2024 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст