Тоҷикистон дар муборизаи муштарак ба муқобили ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Давоми солҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи муштарак ба муқобили ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунад. Мо, қатъиян ташаббусу амалҳои оқилона ва самаранокро ба муқобили терроризм, ифротгароӣ, мубодилаи ғайриқонунии маводи нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои вазнин дастгирӣ мекунем»,-изҳор намуд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни Ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Гуфта шуд, ки соли 2021 дар Шурои Вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шакли нав ва тавре таҷриба нишон дод, шакли воқеан ҳам зарурии ҳамкорӣ ҷорӣ карда шуд. Ин шакли нави ҳамкорӣ баргузор намудани ҷаласаҳои роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки ҳадаф аз он тақвият бахшидан ба муколамаи ҷонибҳо, васеъ намудани табодули таҷриба дар масъалаҳои мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ эътироф шудаст.
«Имрӯз барои мо боиси ифтихор аст, ки чорумин Ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Чунин мулоқот ва сафарҳои корӣ аз рушди муносибатҳо байни вазоратҳои мо гувоҳӣ медиҳанд. Мулоқоти имрӯза дар мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ саҳми арзанда гузошта, ба ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил такони ҷиддӣ мебахшад, ҳамкории мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои иттиҳодро дар самтҳои асосии фаъолияти оперативӣ-хизматӣ тақвият мебахшад. Ин ҳама ба мо имкон медиҳад, ки боз ҳам муттаҳид бошем», — илова кард Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Рамазон Раҳимзода афзуд, ки «мо имрӯз дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки моро ҳар рӯз бо хатарҳои нав ба нави шаклгиранда рӯ ба рӯ мекунад, хатарҳое, ки 30 сол пеш онҳоро тасаввур кардан мумкин набуд. Ҷиноятҳои кибернетикӣ, терроризми кибернетикӣ, муқовиматҳои дохилии мусаллаҳона дар сатҳи минтақа ва байнидавлатҳо, шиддат гирифтани муносибатҳои миллӣ ва байналмиллӣ, муҳоҷирати оммавӣ, доругирҳои сиёсӣ дар масъалаҳои сулҳ ва амният дар минтақаҳои алоҳида — ин ҳама мушкилоте ҳастанд, ки ба амнияти миллӣ таҳдид доранд».
«Аз ҷумла, соли 2022 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат аз муомилоти ғайриқонунӣ 5 тонна маводи мухаддирро мусодира карданд, давоми соли 2023 ва 5 моҳи соли 2024 зиёда аз 8 тонна маводи мухаддир мусодира карда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи солҳои пешин 38 фоиз зиёд мебошад», — гуфт Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст






