Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамкориро дар самти ҳолатҳои фавқулода густариш медиҳанд

Июль 31, 2024 10:37

ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи марбут ба иҷрои тарҳҳои муштарак дар соли 2024 ва ҳамоҳангсозии ҳамкории минбаъда дар соли 2025 дар вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо роҳбари тозатаъйини Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Вилли Кемпел баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Рустам Назарзода дар бораи ҷараёни сохтмон дар Маркази миллии омодасозии наҷотдиҳандагон, даврҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси наҷотдиҳандагон ва кормандони тиббии Кумита,  ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе дастгирӣ ёфтаанд, ибрози андеша намуд.

Дар вохӯрӣ пешниҳод гардид, ки минбаъд даврҳои омӯзишӣ оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд идома ёбанд.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 31, 2024 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд