Тоҷикистон ва Маҷористон ҳамкориро дар соҳаи авиатсия рушд медиҳанд

Июль 23, 2024 20:16

ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва Директори генералии Агентии авиатсияи граждании Маҷористон Мате Ловингер доир гардид, ки дар он масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла ифтитоҳи  хатсайрҳои нав ва васеъ намудани хатсайри парвозҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо матни лоиҳаи созишномаи ҳамкориро баррасӣ, мувофиқа ва  парафгузорӣ намуданд. Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки пас аз имзои Протоколи мувофиқашуда Созишномаи парафшударо муваққатан татбиқ намоянд.

Ҳайатҳо ҳадафҳои муштараки худро дар бобати боз ҳам зиёд намудани иқтидор барои тарғиби  талаботи рӯзафзуни парвози ҳавоӣ байни Маҷористон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуданд.

Ҳайати меҳмонон хушнудии худро нисбати меҳмоннавозии мардуми тоҷик, обу ҳавои тоза ва табиати  дилфиреби  сарзамини  тоҷикон изҳор  намуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки баргузории  чунин вохӯриҳо дар рушду рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишвар дар фазои авиатсияи граждании ҷаҳонӣ нақши муҳим мегузорад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 23, 2024 20:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд