ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1245 то 0.1250 сомонӣ сомонӣ муқаррар шудааст
ДУШАНБЕ, 26.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст:
1 доллари ИМА — 10.6240 сомонӣ;
1 евро – 11. 5292 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1245 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 10.6700 то 10.7000 сомонӣ;
1 евро аз 11.6100 то 11.7000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0. 1245 то 0.1250 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».