Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
ДУШАНБЕ, 22.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки давоми моҳҳои май-июни соли 2024 маҳдудияти интиқоли гази моеъ аз давлатҳои содироткунандаи гази моеъ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ нагардидааст. То моҳи июли соли 2024 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 195,4 ҳазор тонна гази моеъ воридот шудааст. Ҳамзамон бо назардошти зиёд шудани автомобилҳои барқӣ талабот ба гази моеъ тамоюли камшавӣ дорад.
Таҳлилҳо бозгӯи он аст, ки ҳаҷми воридот барои таъмини бозори дохилӣ басанда буда, камчинии он дар анборҳои воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дида намешавад.
Аммо, бо мақсади риояи талаботи бехатарӣ дар мавсими гармӣ, тибқи «Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ» дар давраи тобистон ҳангоми баланд шудани ҳарорат, фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, зарурати ба роҳ мондани баъзе махдудиятҳо ба миён меояд.
Бояд гуфт, ки талаботи бехатарии фавқуззикр дар ҳамаи давлатҳои содиркунандаи гази моеъ риоя ва маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешаванд. Инчунин дар ин давра корхонаҳои истеҳсолкунанда корҳои таъмиру барқарорсозӣ анҷом медиҳанд, ки метавонад боиси кам шудани воридоти гази моеъ дар мавсими муайян гардад.
Чанде қабл Ҷумҳурии Қазоқистон эълон кард, ки барои нигоҳ доштани сатҳи истеҳсоли гази моеъ дар ояндаи наздик ба нархҳои гази моеъ ислоҳот ворид менамояд. Бинобар ин, то муътадил шудани шароити иқлимӣ, ба нигаронӣ дода нашавед, таъкид менамояд Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Масъалаи тағйири нархҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






