33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи вилоятии футбол оғоз ёфт
ХОРУҒ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдончаи футболи маҳаллаи Носири Хисрави шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи вилоятии футбол байни кӯдакону наврасони то 14-сола оғоз ёфт, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Мусобиқаи футбол то якуми сентябр идома ёфта, дастаҳои ғолиб бо медалу ифтихорномаҳои Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят қадрдонӣ мешаванд.
Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят ташкил шуда, дар он чор даста аз шаҳри Хоруғ, ду даста аз ноҳияи Шуғнон ва яктимӣ аз ноҳияҳои Роштқалъаву Ишкошим иштирок доранд.
Дар рӯзи аввал дастаҳои Шуғнон-1 ва Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳр бозӣ карданд. Ҳарду даста ба ин сабқат бо омодагии ҷиддӣ ҳозир шуда, даври аввал бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи дастаи Шуғнон-1 ба анҷом расид. Дар ин рӯз дастаи Дашти боло низ бар дастаи Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳр пирӯз шуд. Дар бозӣ бо дастаи Ишкошим дастаи Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳр ғолиб омад.
Сармураббии дастаи кӯдакону наврасони вилоят Анвар Мамадзиёев гуфт, ки «футбол бозии дастҷамъона аст ва он дар ниҳоди ҳар кӯдаку наврас, қабл аз ҳама, ҳисси дӯстӣ, рафоқат ва кумаку ҳамкориро тарбия мекунад. Ҳамчунин хислатҳои хуби инсонӣ, ба мисли эҳсоси масъулият, ҳурмату эҳтироми бозигарони дастаҳои муқобил ва аз ҳама муҳим, ба қадри вақт расиданро дар замири кӯдакону наврасон ташаккул медиҳад».
Тобистони имсол дар вилоят мусобиқаи «Футбол ба назди шумо меояд» байни кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва деҳот баргузор шуд, ки дар он садҳо нафар футболбозони наврас иштирок намуданд. Бозиҳо нишон доданд, ки дар ҳайати дастаҳо кӯдакону наврасони бомаҳорату боистеъдод хеле зиёд ҳастанд. Агар мураббиҳо тамринро дуруст ба роҳ монанд, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар оянда инҳо футболбозони номдори ҷумҳурӣ хоҳанд шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






