33 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шуд

Август 29, 2024 08:31

ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол 33 сол мешавад, ки мардуми сарбаланди тоҷик дар давлати  соҳибистиқлол умр ба сар бурда,  бо шарофати ин неъмати бебаҳо дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ ва обод намудани Ватан  ба дастоварҳои беназир ноил гардидааст. Дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бузург аст. Ва инро тамоми муҳаққиқон ва аҳли илму адаб таъкид намуда,  борҳо дар ин маврид изҳори назар кардаанд. Чунин ибрози андеша  намудааст ректори Донишкадаи кӯҳию  металлургии Тоҷикистон  Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мақолааш бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад.

         — Сарварони мамлакатҳои абарқудрат дар хусуси  хизматҳои шоистаи Пешвои миллати мо дар  таҳкими  пояҳои истиқлолияти давлатӣ изҳори назар карда, нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди  Тоҷикистон муҳим   арзёбӣ намудаанд.   Ҳамон гуна, ки яке аз собиқ сарварони  Амрико гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои давлаташ бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар мамлакат барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшумор ҳастанд».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба арзиши  истиқлоли давлатӣ   чунин иброз намудаанд: «Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватанпарастиву ватандӯстии мо мебошад».

Воқеан ҳам,  истиқлолият ифтихору ихтиёрдорӣ,  сари баланди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Дар ин давра якчанд санаҳои муҳими таърихӣ дар саҳифаи нави Тоҷикистони мустақил пайдо гардид, аз ҷумла 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Соли 1995  680-солагии зодрӯзи мутафаккири маъруф Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардид. 9 марти соли 1996 аз ҷониби 30 ташкилоти сиёсиву ҷамъиятӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ба имзо расид. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Пас аз имзои созишномаи сулҳ, ки бо талошу заҳматҳои зиёде ба даст омад, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба омӯхтани таҷрибаи сулҳи тоҷикон талош намуд ва ин муваффақият ҳамчун формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон шинохта шуд.

Соли 2003 бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ Соли оби тоза эълон гардид, ки ин ба беҳбуди ҳаёти осоишта ва некӯаҳволии мардум нигаронида шуда буд.

Соли 2007  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд, ки ин ҳам ба беҳбуди зиндагии мардум нигаронида шуда, аз ҷониби аҳолӣ хуш пазируфта шуд. Имсол ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид.

Қонуни мазкур  бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардид.

Соли 2009 дар мамлакат Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон шуд ва дар ин замина конфронси бузург бо иштироки намояндагони расмии зиёда аз 80 давлати ҷаҳон баргузор гардид. Ин ҳам ба рушди фарҳанги динии ҷомеа мусоидат менамояд.

Ҳамзамон соли 2009 корҳои созандагӣ ва барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» расман оғоз шуданд, ки ин қадами бузург дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

Соли 2010 ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани ёдгории таърихии  Саразм ва ҷашни бузурги тоҷикон Наврӯз аз рӯйдоди фараҳбахши даврони истиқлолият мебошад, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст.

Дар муаррифӣ намудани давлати навини тоҷикон ва миллати тамаддунсози тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хидмати абармарди арсаи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе бузург аст ва дар ин росто қадамҳои бузургу устувор гузошта шуданд. Доир ба  қаҳрамонӣ ва фаъолияти пурсамари Сарвари муборакқадаму хирадмандамон, абармарди сиёсат, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сиёсатмадори шинохтаи ҷаҳон сиёсатмадорон ва рӯзноманигорону коршиносон, адибони номдори тоҷик борҳо суханҳои пандомӯз гуфтаанду дар воситаҳои ахбори омма низ ба нашр расидаанд.

Формулаи сулҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ё худ формулаи наҷоти миллат барои миллати тоҷик мактаби бузург ва саҳифаи тоза дар таърих мебошад, ки насли фардо бояд аз ин дурдонаи хиради сиёсӣ хуб истифода намояд ва омӯзад, ки ин ба наҷоти давлати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Ногуфта намонад, ки дар муддати кӯтоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо зиёда аз 170 мамлакати ҷаҳон ҳамкорӣ ба роҳ монанд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд.

Имрӯз  Тоҷикистон бо зиёда аз 140 мамлакати ҷаҳон равобити тиҷоратӣ ба роҳ мондааст. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва дифоъ аз миллату ҳуқуқи башар аз минбарҳои баланд садо медиҳанд, ки нишони гуманизми баланди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҷаҳониён кунун мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро эътироф намуда, аз ин таҷрибаи нодир истифода мебаранд. Ҳамзамон метавон аз дигар созмону институтҳои бузурги пажуҳӣ низ ёдрас шуд, ки дар эътироф ва шинохти шахсияти сиёсии Пешвои  миллат садо баланд намудаву ба нақши Сарвари давлати  мо   ҳамчун сиёсатмадори таъсиргузор дар сиёсати ҷаҳонӣ баҳои баланд додаанд.

Имрӯз   миллати сарбаланди тоҷик саодатмандона зиндагӣ дораду аз мушкилоти зиёди дохиливу хориҷӣ вораҳида, ба масири нав қадам мезанад, ки ин аз бузургии миллати тоҷик ва талошу ҷонфидоии Қаҳрамони миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дарак  медиҳад.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад ва зиндагии мардум низ назар ба солҳои қабл садҳо маротиба беҳтар гардид. Истиқлолият ихтиёрро ба дасти миллат дод, то дар давлатсозӣ ва давлатдорӣ мустақил бошаду тамоми мушкилоту норасоиҳоро мустақилона бартараф созад. Хушбахтона, зери сарварии Пешвои миллат ин масъала ҳалли худро ёфт ва миллати тоҷик ба орзуи ҳазоронсолаи хеш расид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ду нақби бузург сохта шуд, ки марказҳои маъмуриро бо ҳам пайвастанд. Бо ин мушкилии шаҳрвандон, ки дар фасли сармо аз рафтуомад ба марказ ҷудо буданд, ҳал гардид ва роҳ барояшон кушода шуд. Имрӯз ин нақбҳо дар тамоми фасли сол дар хизмати мардум қарор доранд.

Ташаббусҳои байналмилалии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ва Соли ҳифзи пиряхҳо аз қабили пешниҳодҳое ҳастанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳам меоваранд ва мушкилоти глобалиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Сарвари муборакқадами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари созмонҳои баланд бар ҳимояи насли башар муроҷиат намуда, масъалаҳои оромиву субот ва норасоии оби тозаву ғизоро пешниҳод намудаанд.

Ҳамчунин дар даврони соҳибистиқлолӣ  чандин неругоҳҳои барқи обии хурду бузург сохта шуданд. Махсусан ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда -1», «Сангтӯда-2» ва таъмиру таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак»  дар давраи соҳибистиқлолӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар бозиҳои олимпии Париж варзишгарони ҷумҳурӣ се медал ба даст оварданд, ки ин аз рушди соҳаи варзиш дарак медиҳад.

Дар даврони мустақилияти ҷумҳурӣ даҳҳо омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо, муассисаҳои олии касбӣ ифтитоҳ шуданд, ки ҳамаи инҳо самараи истиқлолият буда, имрӯз дар ихтиёри миллат қарор доранд.

Мактабу муассисаҳои томактабӣ дар даврони истиқлолият бамаротиб афзуда, ҳанӯз ҳам  бунёди ин гуна муассисаҳо вобаста ба ниёзи шаҳрвандон идома дорад, ки ин ғамхории махсуси Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли наврасу ҷавони ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ тамоми имконият барои рушд фароҳам оварда шудааст. Ҳамин аст, ки ҳамаи соҳаҳои илм, маориф, иқтисодиёту иҷтимоиёт, кишоварзиву хоҷагидорӣ, энергетикаву металлургия, тандурустиву фарҳанг рушд намуда, нишондиҳандаҳои баланди иҷро ба даст меоянд, ки ин ҳам нишони мустақилияти комили ҷумҳурӣ мебошад.

Дар умум истиқлолияти давлатӣ бар миллати тоҷик бахту саодат ва озодиву оромӣ бахшид, ки ин боиси идомаи саодатмандии миллати сарбаланди тоҷик гардид. Ҳоло Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ дар арсаи ҷаҳонӣ овоз дораду шинохта шудааст.

Аз ҷониби дигар маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ арзишҳои фарҳангиву миллӣ ҳифз карда шуданду миллат аз таҳоҷуми фарҳангӣ дар амон монд.

Истиқлолият бахти баланду кафолати фардои дурахшони миллат аст.

Август 29, 2024 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ТИРАМОҲ ФАРО МЕРАСАД. Дар ин фасл кадом бемориҳои мавсимӣ авҷ мегиранд?
ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ПАХТАПАРВАРӢ КОҲИШ ЁФТ? Дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Харбуза ба бадани инсон неру мебахшад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар як ҳафта бояд як ё ду маротиба каду истеъмол намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ИСТИХРОҶИ АНГИШТ. Имсол истихроҷи ангишт ба зиёда аз 3 миллион тонна расонида мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ дорад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон бояд ба рушди фаъолияти соҳибкорию бахши хусусӣ нигаронида шавад
САРЧАШМАҲОИ ДӮСТӢ БАЙНИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ КАЗОҚ БА УМҚИ АСРҲОИ МИЁНА МЕРАСАНД. Назари коршинос дар ин мавзуъ
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН. Гардиши тиҷорати хориҷӣ байни ду давлат соли гузашта 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»