33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»

Август 22, 2024 10:57

ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар табиат ҳар касе дар дили санг рӯйидани арчаро дида бошад, бешак зиндагии пурмашаққат ва тақдири таърихии халқи тоҷикро тасаввур карда метавонад. Ҳар ваҷаб қад кашидани ин дарахт ва дар дили санг реша рондани ӯ бо машаққатҳои басо гарон муяссар мешавад. Ва халқи тоҷик ҳам дар тӯли таърихи дарозу пур аз бурду бохти хеш садҳо барору бебарорӣ ва маҳрумиятҳои хурду бузургро паси сар намуда, аз ғояти хирадмандию муросо борҳо дар тимсоли давлату давлатдории аҷнабиён сабзида, оқибат оини давлатдории деринаашро боз эҳё намудаву умри тоза бахшидааст. Ин иқтибос аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бахшида ба 10-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2001 баён намудаанд.

АМИТ «Ховар» бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ тасмим гирифтааст, ки аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 10, 20 ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд иқтибос манзур намояд.

Аз суханронӣ бахшида ба 10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 сентябри соли 2001, шаҳри Душанбе

Миллати сарбаланди тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи хеш истиқлолиятро борҳо бохтаву аз давлатдории аҷдодӣ барканор монда бошад ҳам, онро аз рӯйи заковати фитрӣ ва хираду фарҳанги азалӣ бо талошу муборизаҳои ошкору ниҳон гашта ба даст овардааст. На теғи шамшери Искандари Макдунӣ, на тозиёнаи хунрези Ибни Қутайба, на қатли оми Чингизхон, на манораҳое, ки дигарон аз сари тоҷикон сохтанд, азму иродаи истиқлолхоҳӣ, давлату давлатдорӣ ва рисолати пояндаи фарҳангии ачдоди моро шикаста натавонист.

***

Агар набарду муборизаҳои оштинопазир баҳри пуштибонии истиқлолият ва давлатдории аҷдодӣ бо сарварии Шераку Спитамен, Деваштичу Ғурак, Муқаннаву Сумбоди Муғ, Темурмалику Маҳмуди Торобӣ сурат гирифта бошанд, талошҳои маънавию худшиносӣ барои пойдории истиқлолияти фарҳангӣ ва бақои умри миллат ба шарофати сулолаи номдори Сомониён аз ҷониби Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусраву Камоли Хуҷандӣ, Наршахию Дақиқӣ ва Низомулмулку Балъамӣ пушт ба пушт идома ёфтааст.

***

Ниҳоли сулҳе, ки бо дасгирии халқ ва талошҳои пайгиронаи фарзандони бошарафу фидоии миллат шинонда будем, сабзид, реша давонд ва чун дарахти тавонои вахдату дӯстӣ ба камол расид. Ба шарофати сулҳу ваҳдат ва осоиши кишвар мо ба марҳилаи нави зиндагй—марҳилаи созандагию бунёдкорй қадам гузоштем.

***

Халқи тоҷик, ки табиатан миллати созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанафсу меҳнатдӯст аст ва дар сиришти аҷдодии ӯ забткорию ҷангҷӯйй аслан набудааст, аз шарофати истиқлолият ба ниҳодани пойдевори давлатдории миллӣ ва бунёди иморати мӯҳташами ҷомеаи навин камар баст.

***

Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд; яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ҳифзи сарҳади давлатӣ таҳти назорати онҳо қарор дода шуд.

Аз суханронӣ ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, 8 сентябри соли 2011, шаҳри Душанбе

Бист сол пеш халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ — истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рўйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлил ва ҷамъбасту хулоса намудани рўйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрўза ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад. Аз ин нуқтаи назар истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо дар марзи ду садсола падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем.

***

То имрўз мо қариб тамоми инфраструктураи нақлиёти автомобилиро навсозӣ карда, Тоҷикистонро ба қаламрави воҳид табдил додем ва рафтуомади доимии нақлиётиро ба тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, инчунин ба давлатҳои ҳамсоя таъмин намудем. Ва ҳоло бо ифтихор гуфта метавонем, ки ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии давлат — раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ расидем.

***

Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирўзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст. Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзўр мегардад. Зеро ҷавонони бетаҷрибаву ноогоҳро ҳама гуна қувваҳои ифротӣ метавонанд ба худ моил сохта, онҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода баранд. Инро нобасомониҳои аввали солҳои навадуми асри гузашта дар кишвари мо бо ҳамаи пайомадҳои нохуш собит сохтанд.

***

Тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ дар шароити имрўза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст. Яке аз корҳои муҳимтарин дар ин самт боз ҳам тараққӣ додани варзиш, оммавигардонии варзиш ва таблиғи ҳамаҷонибаи тарзи ҳаёти солим мебошад.

***

Яке аз музаффариятҳои бузурги даврони истиқлолият ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки то имрўз корҳои бузургеро ба анҷом расонем. Аслан, истиқлолият ва ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд. Танҳо дар сурати пойдории ваҳдати комил истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Ва дар навбати худ ҳифзу таҳкими истиқлолият ҳамчун замина барои такомули ваҳдати миллӣ ва дўстиву бародарии тамоми сокинони Ватани азизамон хизмат менамояд.

Аз суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ, 8 сентябри соли 2021, шаҳри Душанбе

Ҳанӯз ҷангу даргириҳо дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ идома доштанд, мо дар баробари ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, муҳайё кардани шароити зиндагӣ ва ҷойи кор барои онҳо ҳамаи саъю талоши худро ба ҳалли масъалаҳои барқарорсозии иқтисоди фалаҷгаштаи кишвар сафарбар сохтем ва пастравии иқтисоди миллиро боздошта, танҳо соли 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид шудем.

***

Дар ин давра шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион нафар то 9,7 миллион нафар, яъне беш аз 1,7 баробар зиёд шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,1 сол расид.Соли 1991 умри миёнаи сокинони ҷумҳурӣ 70,1 солро ташкил мекард.Суръати афзоиши миёнаи аҳолӣ дар давоми ин солҳо 2,1 фоизро ташкил кард.

***

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 1,4 миллион оила барои бунёди манзили истиқоматӣ 138 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд. Яъне беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд. Хотирнишон месозам, ки дар 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

***

Барои пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ ва минбаъд бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи бештар таъмин намудани бозори истеъмолӣ дар давоми солҳои 1995 – 1997 ба аҳолӣ 75 ҳазор гектар замин, ки байни мардум ҳамчун «заминҳои президентӣ» маъмул мебошад, тақсим карда шуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, майдони онҳо ба беш аз 200 ҳазор гектар расид, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад.Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2020 нисбат ба соли 1997-ум 5,4 баробар афзоиш ёфта, ба 33,6 миллиард сомонӣ расонида шуд.

***

Даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ гардида , ки дар доираи онҳо дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардида, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар се соли охир бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд ва таъмиру таҷдиди беш аз 4,5 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ ва дохили шаҳру ноҳияҳо анҷом дода шуда, корҳо дар ин самт минбаъд низ идома дода мешаванд.

***

Дар ин давра барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат зиёда аз 2550 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид. Инчунин, дар доираи омодагӣ барои таҷлили 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар қариб 2000 иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуд.

***

Дар тамоми қаламрави мамлакат то замони истиқлол камтар аз ҳазор иншооти варзиш вуҷуд дошт.Имрӯз ин шумора ба 10 ҳазору 220 расидааст.Яъне шумораи иншооти варзиш беш аз даҳ баробар афзудааст, ки ба устувор шудани заминаи моддиву техникӣ барои рушди варзиш, оммавигардонии он ва омода сохтани варзишгарони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз миёни наврасону ҷавонон мусоидат карда истодааст.

***

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ 5743 маротиба Парчами Тоҷикистони азизи мо афрохта шуда, 1797 маротиба Суруди миллии давлати тоҷикон садо додааст.

***

Мо бояд ба хотири Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо ҳаргиз ба умеди дигарон намешавем ва тамоми мушкилоту камбудиҳоямонро бо дастони худамон ва бо заҳмати аҳлонаи халқамон бартараф месозем. Мо ҳоло мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорем ва бояд кӯшиш кунем, ки онҳоро бартараф сохта, зиндагии мардумамонро боз ҳам беҳтар намоем.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 22, 2024 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд