35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ 408 иншоот сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 18.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ 408 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 220 он мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин хусус ба АМИТ дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ҳудуди ноҳия то имрӯз зиёда аз 30 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шудааст, аз ҷумла айни замон корхонаҳои мевахушккунӣ, қаннодию нонӣ бо фароҳам омадани ҷойи кору маоши муносиб фаъолияти доранд.
Иншооти ба нақшагирифташуда асосан ба самтҳои маориф, тандурустӣ, саноат, варзиш, сайёҳӣ, хизматрасониву савдо ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим рост меояд.
Сохтмони нахустин бинои истиқоматии баландошёна дар маркази ноҳия бо сарпарастии Ҷамъияит дорои масъулияти маҳдуди «Баракат» бо маром идома дошта, дар назар аст дар арафаи 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






