6 хонандаи Тоҷикистон дар даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «IJSO-2024» иштирок менамояд

Август 23, 2024 11:17

ДУШАНБЕ, 23.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври интихобии Олимпиадаи 21-уми байналмилалии «IJSO-2024» аз фанҳои табиатшиносӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар олимпиада 24 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок намуда, 6 хонандаи беҳтарин ба даври ниҳоии олимпиада роҳхат гирифт.

Дар даври ниҳоии Олимпиадаи 21-уми байналмилалии «IJSO-2024» аз фанҳои табиатшиносӣ, ки аз 2 то 12 декабри соли 2024 дар шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия баргузор мегардад, аз  Тоҷикистон 6 нафар ғолибони даври интихобӣ иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии «IJSO-2024» аз соли 2004 то инҷониб доир гардида, дар он ҳамасола намояндагони қариб 70 давлати  ҷаҳон иштирок менамоянд.

Хонандагони тоҷик дар ин сабқати илмии сатҳи баланд аз соли 2009 инҷониб иштирок дошта, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.

 АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 23, 2024 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд