Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон: «76 ҳазор соҳибкор аз нафақаи суғуртавӣ маҳрум мегардад»
ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Равзанаи ягона»-и бақайдгирии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 318 ҳазор соҳибкори андозсупоранда сабт шудааст, аммо дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 241 соҳибкор сабт гардидааст, ки 76 ҳазор соҳибкор кам аст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод.
Дохил шудан ба низоми андозсупорӣ ба Кумитаи андоз ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маънии онро дорад, ки баъди ба синни нафақа расидан аз нафақаи суғуртавӣ метавон бархурдор гардид. Дар айни замон хусусан соҳибкорони мо фаъолияти соҳибкорӣ доранд ва дар Кумитаи андоз сабти ном гардидаанд, аммо дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа худро сабт намекунанд, ки ин сабаб мегардад, то соҳибкор дар оянда аз гирифтани нафақаи суғуртавӣ маҳрум шавад. Дар оянда 76 ҳазор шаҳрванд, ки дар айни замон фаъолияти соҳибкорӣ доранд, вақти ба синни нафақа баромадан аз нафақаи суғуртавӣ маҳрум мешаванд.
Солҳои пеш соҳибкорон нафақаи баланд мегирифтанд. Барои дар оянда гирифтани нафақаи сазовар бояд андозсупоранда аз даромадаш маълумоти заруриро ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар маҳаллаш пешниҳод намояд. Инчунин ин мушкилӣ имрӯз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ баръало мушоҳида мешавад.
«Ба гирифтани нафақаи муносиб маоши баланд таъсир мегузорад. Агар шахс маоши зиёд гирад, ба ӯ ҳамон қадар бештар нафақа таъйин карда мешавад. Барои гирифтани нафақаи зиёд ягон маҳдудият ҷой надорад. Ҳоло дар низоми таъйини нафақа дар Тоҷикистон барномаи электронӣ амал мекунад, ки ба он ному насаб ва рақами мушаххаси суғуртавии шахс ворид карда мешавад. Ин барнома тамоми давраи фаъолияти корӣ ва музди меҳнати шаҳрвандонро ҳисоб карда, нафақа таъйин мекунад»,-афзуд Дилмурод Давлатзода.
Ба гуфтаи ӯ, солҳои пеш бо сабаби он ки андозаи нафақаҳо дар асоси ҳаҷми миёнаи музди меҳнати ду соли охир бо фоиз ҳисоб карда мешуд, нафақаҳои нисбатан баландро кормандони соҳаи бонк ва соҳибкорон мегирифтанд. Аммо ин тартиб дар натиҷаи такмилу рушди қонунгузории соҳа аз байн рафт. Ҳоло ҳаҷми каму зиёди нафақа вобаста ба чӣ қадар будани маош ва андозаи пардохти суғуртаи иҷтимоӣ муайян карда мешавад.
Таъминоти нафақа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб шуда, аз муқаррароти моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва мақсади асосии он таъмини кафолати иҷтимоии шаҳрвандон дар пиронсолӣ, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муҳимияти низоми таъминоти нафақа дар он зоҳир мегардад, ки ба ҳар шаҳрванд, аз ҷумла ба шаҳрвандоне, ки нафақагир мебошанд ва инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошта, фаъолият доранд ва барои пайдо намудани ҳуқуқ ба нафақа бояд меҳнат намоянд, дахл дорад.
Ҳоло дар Тоҷикистон 815 ҳазору 658 нафар нафақагирон зиндагӣ мекунанд, ки нисбат ба соли 2022 13 ҳазору 516 ё 1,8 фоиз афзудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистонро моҳи аввали фасли тобистон чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон бо озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ таъмин гардиданд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид






