АМАЛИЁТИ «КОРД». Милитсияи Хатлон 768 силоҳи сард дарёфт ва мусодира намуд

Август 12, 2024 18:18

ДУШАНБЕ, 12.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 3 рӯзи баргузории амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар умум 768 силоҳи сард дарёфту мусодира гардида, нисбат ба ҳамаи дастгиршудагон тибқи талаботи қонунгузорӣ тадбирҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин раёсат хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард ва бо худ гардонидани предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда шуруъ аз 8 август дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақа амалиёти шартии «Корд» гузаронида шуд. Дар доираи амалиёт кормандони милитсия якчанд нуқтаҳои фурӯши корду табарчаҳои ғайристандартӣ, электрошокер ва кастетро муайян намуда, фаъолияти онҳоро қатъ намуданд.

Аз ҷониби кормандони милитсияи вилояти Хатлон аз шумораи умумии силоҳҳои сарди дарёфтшуда, аз ҷумла 700 корди гуногунтамға (дудама, рахдор, финка), 24 кастет, 2 электрошокер ва 42 табарчаи сохти ғайримуқаррарӣ дарёфту мусодира шуд.

Таҷрибаи тафтишотӣ собит намудааст, ки ҷовонону ноболиғон ин қабил предметҳоро на ба хотири истифода дар корҳои  хоҷагидорӣ, балки бо мақсади бо худ нигоҳ доштану дар муноқишаҳо истифода бурдан, ҳамзамон тарс додани рақибон харид мекунанд, ки далелҳои зиёде аз ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ далели  ин гуфтаҳо мебошанд.

Мақомоти милитсияи Хатлон ба фаъолони ҷомеа ва шаҳрвандоне, ки бо мақсади аз байн бурдани ин омили номатлуб дар ҷомеа бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ менамоянд, изҳори миннатдорӣ менамояд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Август 12, 2024 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд