Ҳамкории ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон тақвият меёбад

Август 31, 2024 08:57

ДУШАНБЕ, 31.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Директори ширкати сайёҳии «Саразм-5500»-и шаҳри Панҷакент дар ҳамоиши  «Роудшоу Тоҷикистон- Эрон», ки дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Вазорати саноати дастӣ, мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон иштирок намуда, роҳҳои тавсеаи гардишгариро баррасӣ намуданд.

Ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ширкати сайёҳии «Саразм-5500» ва Ҷумҳурии Исломии Эрон созишномаҳо оид ба густариши ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Таъкид гардид, ки дӯстдорони сайёҳӣ дар Эрон ба ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Панҷакент таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Ёдовар мешавем, ки аз 10 августи соли 2024 байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон дар хатсайри ҳавоии Душанбе-Теҳрон низоми бе раводид амал мекунад, ки ба рушди сайёҳии давлатҳои ҳарду ҷониб мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

 

Август 31, 2024 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд