Аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи зиёда аз 990 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали имсол аз Тоҷикистон ба маблағи 997 миллиону 800 ҳазор доллар маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 319 миллиону 200 ҳазор доллар ё 47 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иттилоъ дод.
Директори агентӣ афзуд, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 969 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 314,5 миллион доллар ё 48,1 фоиз зиёд гардидааст. Маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 77,1 ҳазор тонна ба маблағи 28,8 миллион доллар содирот шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 4,7 миллион доллар ё 19,5 фоиз зиёд мебошад.
«Агентӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд баҳри зиёд намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ тавассути таъсиси марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулот ва корхонаҳои муштарак барои харид, захира, бандубаст, маҷмааҳои анбори нигоҳдории маҳсулот, аз ҷумла анбори нигоҳдории сарди маҳсулот, минтақаҳои омоданамоии пешазсодиротии маҳсулот, истгоҳи мошинҳои боркаш ва содироти минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар робита ба ин, қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун оид ба ҷудо намудани 1,7 гектар қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои дорои таъйиноти саноатӣ барои бунёди парки технологию логистикӣ қабул гардида, ҳоло масъалаи тарҳрезии инфрасохтори ин иншоот амалӣ шудааст»,-гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
Бо мақсади коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураҳои табиӣ дар мавзеъҳои ҷойгиршавии боғоту токзор, инчунин минтақаҳои парвариши сабзавот, кам кардани талафоти ҳосили ғундоштаи маҳсулот Агентии содирот бо ширкати бонуфузи «Kreuzmayn Maschinenbau GmbH»-и Австрия аз рӯи масъалаи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани корхонаҳои сайёри истеҳсолӣ, ки дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамто надоранд, кор мебарад.
Ин технологияи муосир имкон медиҳад, ки таҷҳизот пай дар пай ба ноҳияҳои дурдасти мамлакат тавассути ядакҳои нақлиётӣ расонида шуда, дар ҷояш коркард ва резиши маҳсулоти тайёрро ба зарфҳои ассептикӣ анҷом диҳад. Маҳсулоти истеҳсолшуда босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои таъминоти талаботи бозори дохилӣ ва содироти минбаъдаи он ба хориҷи ҷумҳурӣ равона мешавад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид






