Бар асари гармои шадиди моҳи июл дар Токио беш аз 120 нафар ҳалок гардид

Август 8, 2024 16:27

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Июл давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ дар Ҷопон гармтарин моҳ гардид. Ҳазорон нафар аз таъсири гармии шадид дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ин хусус «БелТА» бо истинод ба Euronews иттилоъ додааст.

Гармии ғайримуқаррарӣ дар Ҷопон паст намешавад. Тибқи иттилои расмӣ, моҳи июл бар асари таъсири баланди гармӣ дар Токио беш аз 120 нафар ҳалок гардид. Аксари онҳо одамони аз 60-сола боло мебошанд. Июл дар кишвар гармтарин моҳе давоми таърихи мушоҳидаҳо гардид, ки аз соли 1898 инҷониб сабт мешаванд. Ҳарорат аз ҳисоби миёна 2,16 дараҷа баланд буд.
37 000 япониҳо ба ёрии тиббӣ ниёз доштанд.
Рӯзи сешанбе, 6 август дар Токио ва қисмати ғарбии Ҷопон дар робита ба ҳавои гарм огоҳӣ дода шуд. Дар маркази пойтахт ҳарорати ҳаво тақрибан ба +34 расид.
“Ман ҳис мекунам, ки мавсими гармӣ ҳар сол дарозтар мешавад”, шикоят мекунад сокини Киото. — Ман тамоми рӯз, ҳатто вақте ки мехобам, кондитсионерро фаъол мегузорам. Кӯшиш мекунам, ки берун набароям”.
Бино ба маълумоти хадамоти обуҳавошиносии маҳаллӣ, моҳи август гармӣ паст намешавад, баръакс, баланд мешавад.
Мақомоти тандурустӣ ва обуҳавошиносони Ҷопон ба сокинон ва сайёҳон тавсия медиҳанд, ки дар хона бимонанд, об ва моеъи зиёд нӯшанд ва аз ҳавосардкунакҳо истифода баранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 8, 2024 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд