БАРОИ АЗ БАНДИ ХУРОФОТ РАҲО ШУДАН ЧӢ БОЯД КАРД? Андешаи чанд нафар намояндагони касбу кори гуногун дар ин мавзуъ

Август 17, 2024 09:28

ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар қавму миллате, ки дар рафтори он нишонаҳои ҷаҳолату хурофотпарастӣ густариш меёбад, он миллат аз зиндагии босаодат маҳрум мегардад. Дар робита ба ин, як андешаи худро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон менамоям: хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад. Борҳо гуфтаам, имрӯз низ баён медорам, ки хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад». Бо изҳори нигаронӣ аз зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ чунин таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ, ки 9 марти имсол баргузор шуд.

АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ андешаҳои чанд нафар намояндагони касбу кори гуногунро манзур менамояд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки «дар воқеъ, имрӯз башарият дар асри XXI дар рубарӯи хатарҳои глобалӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои киберӣ, ҷиноятҳои фаромилии муташаккил, коррупсия қарор дорад, ки онҳо ба амнияти давлат, мудофиаи мамлакат ва дахлнопазирии ҳудуди мамлакат таҳдид менамоянд. Масъалаи хеле муҳиме, ки ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ боиси ташвиши ҷиддии аҳли ҷомеа гаштааст, хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидани ҷавонон ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.

«Аз ин рӯ, масъалаи пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву тундрав ва аз банди хурофот раҳобахшии шаҳрвандон пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва дигар ниҳоду сохторҳои масъули давлатӣ қарор дорад. Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст. Аз ин рӯ, Сарвари давлат бори дигар таъкид доштанд, ки рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавқеи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирии хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гаравидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.

Нависанда, корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» Абдулқодири Раҳим изҳор дошт, ки «бо таъкиду ҳидояти Сарвари давлат, мубориза бо экстремизм ва терроризм ҳаргиз маънои мубориза бо динро надорад ва онро набояд ба мардум чунин муаррифӣ бинамоянд. Мубориза бо ин зуҳуроти фалокатбор вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди солимақли ҷумҳурӣ ва сокини сайёра аст. Барои экстремист ва террорист дину мазҳаб, ватан ва дигар муқаддасот вуҷуд надорад. Асари бади ин зуҳурот ба тамоми дунё ва ҳар сокини он мерасад».

«Фарҳанги миллии мо дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динӣ ташаккул ёфтааст ва он аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки ҳанӯз чанд сол пеш бо дарку эҳсоси густариши ин зуҳуроти фоҷиабор Сарвари давлат таъкид доштанд: «Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва, махсусан, ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем»,- илова кард номбурда .

Абдулқодири Раҳим афзуд, ки асари бади ин зуҳурот ба тамоми дунё ва ҳар сокини он мерасад. Имрӯз зарур аст, ки ходимони дин ва онҳое, ки дониши динӣ доранд, бо эҳсоси ин хавфи бузургу хатари ҷиддӣ беш аз пеш ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ бидиҳанд.

Муовини раиси шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода аз ҷумла гуфт, ки дар асоси маълумоти оморӣ айни замон дар ҷумҳурӣ 250 000 нафар ҳаҷи фарзӣ ва зиёда 400 000 нафар умраро адо намудаанд. Танҳо дар соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони мо маросими ҳаҷ ва умраро адо намудаанд, ки маблағи сарфшуда 1 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар 33 соли соҳибистиқлолӣ бо ин мақсад 12 миллиард сомонии аҳолӣ сарф гардидааст. Ҳол он ки айни ҳол дар 80 мамлакати ҷаҳон мардум аз норасоии маҳсулоти хӯрокворӣ азоб мекашанд ва мо бояд дар асоси таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷои хароҷотҳои беҳуда ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста диққат дода, ақаллан барои ду соли оянда захираи маҳсулоти хӯрок­ворӣ дошта бошем.

«Оё ҳамаи ин аз баракати соҳиб­ихтиёрии давлат нест? Оё ҳамаи ин ғамхорӣ дар ҳаққи мусулмонони мамлакат нест? Оё ҳамаи ин пешравиҳо ва ғамхориҳо қобили дастгирӣ ва эҳтиром нест? Вале боиси таассуф ва нигаронии ҷиддист, ки бар ивази ин қадар ғамхорию дастгириҳои Пешвои миллат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастию зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта дар ҷомеаи имрӯза рӯз ба рӯз густариш ёфта истодааст»,- изҳори нигаронӣ кард Мурод Шукурзода.

Ҳамсуҳбати мо ёдовар шуд, ки «дар замони соҳибистиқлолӣ мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем, иқтидори мудофиавии мамлакат афзуд, сулҳу ваҳдат таҳким ва сатҳи зиндагонӣ баланд гардид, камбизоатӣ хеле коҳиш ёфт, нуфузи сиёсии давлат боло рафт, Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ гардида, дар ин самт панҷ пешниҳоди Сарвари давлати тоҷикон вобаста ба обу иқлим аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Дар ин муддат, ба хотири эҳтиром ба дини мубини Ислом Қуръони каримро се маротиба ба забони тоҷикӣ чоп ва ба аҳолӣ дастрас намудем. Дар баробари ин, ба хотири тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, донистани таърихи миллат, фарҳанги бою ғании миллӣ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бознашр ва дастраси аҳолии мамлакат гардид. Дастовардҳои дигари мамлакатро метавон ёдовар шуд, ки ҳисобашон зиёд аст. Ҳамаи ин ташаббускориҳо ва иқдомҳои муҳим аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбат ба мардуми ҷумҳурӣ буда, аз мо, шаҳрвандон, сипосмандӣ ва эҳтиром ба ин хоку сарзаминро талаб менамояд».

АКС аз манбаъҳои боз

Август 17, 2024 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Дар шаҳри Риёз масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба пешгирии никоҳи бармаҳал ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед