Бонки миллии Тоҷикистон узви «Sustainable Banking and Finance Network» ва «Network for Greening the Financial System» гардид

Август 8, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Узвияти Бонки миллии Тоҷикистон ба «Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор-Sustainable Banking and Finance Network» /«SBFN»/ ва «Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ -Network for Greening the Financial System» («NGFS)» чӣ манфиат медиҳад?

Дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода 7 август дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки “11 декабри соли 2023 ризоият барои дохилшавии Бонки миллии Тоҷикистон ба «Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор» (SBFN) ва 27 декабри соли 2023 ба «Шабакаи сабзгардонии низоми молиявӣ (NGFS)» ба даст оварда шуд”.

Узвият ба SBFN ва NGFS ба Бонки миллии Тоҷикистон имконотро барои баланд бардоштани иқтидор дар самти рушди идорасозии хавфҳои муҳити зист ва иқлим дар бахши молиявии Точикистон фароҳам меорад.

“Ҳамчунин дохилшавӣ ба ин ташкилот ба иҷрои уҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳои Созишномаи Париж, ҷорӣ намудани принсипҳои идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ (ESG), ташаккули заминаи ҳуқуқӣ дар самти маблағгузории «сабз», идоракунии хавфҳои иқлимӣ дар ташкилоти молиявӣ ва инчунин ба рушди бозори маблағгузории «сабз», ки дар «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037» дарҷ гардидааст, мусоидат менамояд”,-иброз намуд Фирдавс Толибзода.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС:АМИТ «Ховар»

Август 8, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1098 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ