БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Варзишгари Тоҷикистон Виктор Рассадин аз намуди гӯштини тарзи озод барои медали биринҷӣ рақобат менамояд

Август 9, 2024 22:03

ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 10 август дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 варзишгари Тоҷикистон Виктор Рассадин аз намуди гӯштини тарзи озод дар вазни то 74 кг барои медали биринҷӣ рақобат менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ӯ дар даври аввал бар варзишгар аз Юнон Йоргас Кюмтсидиси ва дар даври 1/4-ниҳоӣ бар Лу Фенг аз Чин пирӯз шуд.

Дар даври нимниҳоӣ Виктор Рассадин аз варзишгари узбекистонӣ Разамбек Жамалов шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 се медали биринҷӣ дорад. Медалҳои биринҷиро дар намуди ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ва дар бокс Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг ба даст овардаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 9, 2024 22:03

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад