ЧАРО ДАР ТОҶИКИСТОН ПАХТАПАРВАРӢ КОҲИШ ЁФТ? Дар мамлакат маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардид

Август 29, 2024 09:53

ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷануби Тоҷикистон — ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардид. Тибқи нақша,  имсол дар ҷумҳурӣ  бояд дар 186 ҳазор гектар кишти чигит гузаронида мешуд, аммо кишоварзони мамлакат дар 175 057 гектар пунбадона кишт намудаанд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.

Чаро  деҳқонони мамлакат солҳои охир ба кишти пахта чандон рағбат надоранд? Хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров дар ин мавзуъ ҳамсуҳбат намуд.

Коршинос иброз намуд, ки «пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзию саноат ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба кишту парвариш ва коркарди он таваҷҷуҳи махсус равона мешавад. Пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии пахтакорон рӯёнидани ҳосили хуб мебошад. Аммо деҳқонони мамлакат солҳои охир ба кишти пахта чандон рағбат надоранд. Ба андешаи онҳо, тағйирёбии иқлим, гаронии нархи маводи истеҳсолӣ (тухмии хушсифат, нуриҳои минералию заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ, истифодаи техникаи кишоварзӣ), таъмини оби полезӣ, андозбандӣ ва аз ҳама бештар- бо арзиши паст харид намудани пахтаи ҷамъоваришуда сабаб мешавад, ки хароҷоти карда пурра бароварда намешавад. Ин ҳама омилҳои асосии коҳиш ёфтани пахтапарварӣ дар ҷумҳурӣ гардидаанд.

Оё тағйирёбии иқлим ба нашъунамои пахта таъсир расонид?

Ба гуфти Зикриёхон Ҳайдаров, ҳарорати баланди охири моҳи июл ва аввали август ба инкишофи пахта каме ҳам бошад, таъсир расонид. Зеро ҳарорати аз 35 дараҷа боло боиси он гардид, ки элементҳои ҳосил пурра инкишоф наёбанд. Дар айни замон дар қисмати поёнии ниҳоли пахта ҳосил кам мебошад ва дар қисмати миёна ва боло ҳосил мавҷуд аст, ки бо мусоид омадани ҳаво он пурра инкишоф ёфта, ҳосили дилхоҳ медиҳад.

«Агар ҳарорати ҳаво шабона паст ва рӯзона гарм ояд, ин ба инкишофи пахта хеле мусоид аст. Аз ин рӯ кишоварзон бояд аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода намуда, сари вақт ва самаранок ҳосилро ҷамъоварӣ намоянд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Солҳои охир тағйирёбии иқлим ба ҳосили кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Коршиноси соҳаи кишоварзӣ Зикриёхон Ҳайдаров бар ин назар аст, ки аз ин тағйирот набояд ҳаросон, балки баръакс бояд ба он мутобиқ шуд. Барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим олимони мо бояд навъҳои ба ҳарорати баланд тобовар ба вуҷуд оваранд.

Бояд гуфт, ки кишоварзони мо навъҳои ватании Сорбон, Хуҷанд-67, Шарора 10-20, Тоҷикистон, Флора, Кармен, Намангон, Ҳисор, Истиқлол, Суғдиён-2 ва ғайраро парвариш намуда, ба иқлими маҳал мутобиқ кардаанд.

Пахтапарварӣ чӣ манфиат дорад?

Пахта зироати стратегӣ маҳсуб шуда, назар ба дигар зироати кишоварзӣ метавонад манфиати иқтисодӣ ва даромади бештар оварад. Ҳангоми дуруст риоя кардани агротехникаи парвариши он ҳосили хуб рӯёнида мешавад.

Пахта зироате аст, ки онро бештар барои нахаш парвариш менамоянд, гуфт ҳамсуҳбати мо. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин мо навъҳое дорем, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад. Яъне пахта маҳсулоте мебошад, ки аз парвариш то коркард бе партов мебошад. Тибқи арзёбиҳо, тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулоти хоҷагии халқ истеҳсол мегардад.

Оё нархи пахта имсол хароҷоти марди деҳқонро мебарорад?

Нархи пахта яке мушкилоти асосии низоми пахтапарварӣ мебошад, ки ҳар сол тағйир меёбад. Аммо солҳои охир, махсусан соли 2023 пахтапарварон аз нархи пасти он норозӣ буданд. Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки имсол дар майдонҳои пахтаи ҷумҳурӣ  ҳосил фаровон аст, ки онро метавон дар пахтазор мушоҳида намуд. Инчунин як ҷиҳати дигари ҳавасмандӣ барои чиниши пахта- ин баланд гардидани нархи пахта барои имсол мебошад. Агар  пахта бо нархи нисбатан баланд харидорӣ шавад, ин имкон медиҳад, ки марди деҳқон аз заҳмати кашидааш самар гирад ва масоҳати майдони кишти пахта солҳои минбаъда то ҳадди зарурӣ зиёд шавад.

Соли 2022 бинобар тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ҳосили пахта талаф ёфт. Аз ин рӯ дар  он сол нархи пахта то 30 фоиз боло рафт.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳи пахта бояд аз тухмиҳои ватанӣ истифода бурд. Таҷрибаҳо собит намуданд, ки кишти тухмиҳои ватанӣ ба деҳкон имкон медиҳад, ки ҳосили баланд ба даст орад. Инчунин кишоварзони мо бояд аз имконоти мавҷуда истифода намуда, агротехникаи парваришу интихоби тухмиро дуруст гузаронанд. Чун  мамлакати мо кӯҳсор асту  имкони бемайлон васеъ намудани  майдони кишти пахтаро надорад,  беҳтар он аст, ки  ҳосилнокиро тавассути риояи корҳои агротехникӣ ва кишти навъҳои минтақабоби пахта баланд бардорему ҳадафи чоруми Ҳукумати мамлакат-саноатикунониро тақвият бахшем.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 29, 2024 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва САҲА баррасӣ гардид
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Истаравшан корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва системаи қатравии яккарата бунёд мешавад
Вазирони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё масоили обу иқлимро баррасӣ намуданд
ТИРАМОҲ ФАРО МЕРАСАД. Дар ин фасл кадом бемориҳои мавсимӣ авҷ мегиранд?
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе баррасӣ гардид
33 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шуд
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд оид ба нақши об дар равандҳои глобалӣ таъкид шуд
Содироти маҳсулот байни Тоҷикистон ва Покистон афзоиш меёбад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи кишоварзӣ тақвият меёбад
Натиҷа ва тавсияҳои Конфронси оби Душанбе дар омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 нақши муҳим мегузорад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба усулҳои ҳисобкунии захираҳои суғуртавӣ даври омӯзишӣ доир шуд
Дар Душанбе «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» муаррифӣ гардид