ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Қирғизистон ва Афғонистон бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе қуръакашии мусобиқоти чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор шуд, ки дар натиҷа рақибони тими наврасони Тоҷикистон муайян гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар чемпионати CAFA-2024 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Қирғизистон (17 август) ва Афғонистон (21 август) бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Узбекистон, Эрон ва Туркманистон қувваозмоӣ мекунанд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ бозӣ менамоянд. Ғолибони гурӯҳ баъдан дар финал рақобат менамоянд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ зинаи дуюмро мегиранд, дар рақобат барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Инчунин барои мақомҳои панҷуму шашум бозии тасаллобахш баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳои мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






