Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад

Август 20, 2024 16:38

ДУШАНБЕ, 20.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа аъзои шуро аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Арманистон ва Беларус иштирок мекунанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, аъзои шуро дар 4 давлати номбаршуда, ба истиснои Тоҷикистон ва Қазоқистон прокуророни генералӣ мебошанд. Аъзои Тоҷикистон ва Қазоқистонро директорони агентии  ин ниҳод намояндагӣ мекунанд.

Дар доираи ҷаласа баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ байнӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дар назар аст.

Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои ин шуро ҳамчун нозир иштирок намуда, шуруъ аз соли 2021- баъд аз гузаштани расмиёти дохилидавлатӣ узви комилҳуқуқи шуро интихоб гардид.

Ҷаласаи VIII Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия 4 июли соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар асоси қарори ин ҷаласа Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамраиси Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардид.

Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии Шуро соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

 АКС аз бойгонӣ

Август 20, 2024 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд