Дар Душанбе ҷаласаи XXI ҳакамони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» баргузор шуд

Август 8, 2024 11:41

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7- 8 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXI ҳакамони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»- и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он китобҳои тозанашр низ ба намоиш гузошта шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки озмун аз 10 номинатсия иборат буда, ноширон маҳсули корашонро вобаста ба он пешниҳод намудаанд.

Дар ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Беларус ва Қирғизистон ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» аз соли 2004 инҷониб бо ибтикори Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашр, савдою тавзеҳи китоб ва умури ноширии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкории гуманитарӣ бо иштироки ноширон ва намояндагони кишварҳои аъзо баргузор мегардад. Мақсади асосии озмун дарёфти лоиҳа ва дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи табъу нашр ва тарғиби он дар доираи мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Соли 2018 Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он китоби «Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик», иборат аз 2 ҷилд дар радифи китобҳои Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия сазовори «Шоҳҷоиза» гардида буд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 8, 2024 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид