Дар Душанбе даври сеюми Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Зеби дастархон» ҷамъбаст гардид

Август 10, 2024 11:03

ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даври сеюми фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» ҷамъбаст гардид. Кадбонуҳои чирадаст аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, шакароб, қурутоб, мошкичирӣ, мастоба, угро, манту, тушбера ва даҳҳо номгӯйи дигари хӯрокҳои мардуми тоҷикро муаррифӣ намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар оғози фестивали «Таомҳои миллӣ» ва Озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» иброз намуд, ки «миллати тоҷик бо мероси бойи фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии худ дар ҷаҳон мақоми шоиста касб намудааст. Бахусус дар бахши омодасозии хӯрокҳои миллӣ кадбонувони чирадасти тоҷик маҳорати баланд доранд. Таомҳои миллии тоҷикон таърихи куҳан дошта, давоми ҳазорсолаҳо дар масири қарнҳо ташаккул ёфтаанд».

Таъкид гардид, ки санъати омодасозии таомҳои миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон ба шароити табиии мамлакат-мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳистон, иқлими субтропикӣ, континенталӣ ва континентиалии дохилӣ рабт дошта, ин омил боиси паҳншавии навъҳои гуногуни таомҳо дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ гардидааст. Халқи тоҷик дар байни дигар халқҳо бо ороиши дастархони миллӣ шуҳрат дорад. Кушодани дастархон анъанаи қадим буда, вазифаи асосии он сарҷамъ кардани аҳли оила ва дӯстон мебошад.


Дар ин рӯз дар ҳар гӯшаи боғ кадбонувон дастархон ороста, навъҳои гуногуни таомҳоро бо маҳорати хосса оро додаанд. Ҳамчунин онҳо ба иштирокдорони фестивал хусусияти таомҳои омоданамударо фаҳмонида, аз ҷумла шарҳ доданд, ки барои чӣ тоҷикон қурутобро дар фасли сармову шакаробро дар гармо омода ва тановул менамоянд. Инчунин кадбонувон ба ҷамъомадагон оид ба тарзи тайёр намудани оши буридаву туппа, манфиати биринҷоба ҳангоми бемории зуком ва дигар паҳлуҳои барои саломатӣ муфиди баъзе таомҳои миллӣ маълумот доданд.

Бояд хотиррасон кард, ки теъдоди зиёди таомҳои миллии тоҷикон бо мурури замон аз ёди наслҳои имрӯза рафта, ҳоло қариб, ки омода карда намешаванд. Ҳадафи баргузор намудани чунин фестивалҳо ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.

Ҳамчунин аз ҷониби ҳакамон ба тарзи оростани дастархон диққати ҷиддӣ равона гардид. Зеро оростани дастархон аз ҳар кадбону  маҳорати хосса талаб менамояд. Иброз шуд, ки бояд дастархон сарфакоронаю моҳирона, зебо ва хушоянд ороста гардад.


Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон»  дар се давр: ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардида,  ғолибони даврҳои якум ва дуюм иштирок намуданд.

Тавре аз Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивал ва озмун бо мақсади амалисозии «Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 ба тавсиб расидааст, доир мегардад. Ба гуфти масъулин, яке аз ҳадафҳои баргузории фестивалу озмун- ин ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон ва муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад.

Дар фарҷом аз ҷониби масъулон иштирокдорони фаъоли фестивал ва озмун бо «Диплом»-у туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 10, 2024 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»
Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт