Дар Душанбе масъалаи ташкили даврҳои забономӯзӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 август зимни вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва роҳбари нави Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Лутенко масъалаи ташкили даврҳои забономӯзӣ ва асосҳои идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла идоракунии раванди муҳоҷират, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон аз натиҷаи корҳои муштарак бобати андешидани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷират, омодасозии ҳисоботи мамлакат оид ба иҷрои тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид нисбат ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳадафҳои Созишномаи глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллӣ оид ба танзими раванди муҳоҷират то соли 2040 барои солҳои 2023-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023 қабул гардидааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Роҳбари нави Созмони байналмилалии муҳоҷират барои ҳамкории минбаъда дар самти диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷамъоварии омори муҳоҷират ва идоракунии махзани маълумот, таҳлили маҷмуи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи муҳоҷират ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии амалкунанда, ки равандҳои муҳоҷиратро танзим мекунанд, ҷалби диаспораҳо дар рушди ҷумҳурӣ, корбарӣ бо сомонаи www.kor.tj барои ҷойи кори холӣ, гузаронидани пурсиш дар байни муҳоҷирони ба Ватан баргашта, ки ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллӣ оид ба танзими раванди муҳоҷират то соли 2040 барои солҳои 2023–2025 ва таҳияи нақшаи сесолаи оянда мусоидат менамояд, изҳори омодагӣ намуд.
Ҷонибҳо ҳамкории минбаъдаро дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда ва чорабиниҳои пешбинишудаи Харитаи роҳ, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират тасдиқ шудаанд, ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд






