Дар Душанбе машваратҳои Тоҷикистон ва Чин дар масоили Созмони ҳамкории Шанхай доир шуданд

Август 14, 2024 16:18

ДУШАНБЕ, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 август дар шаҳри Душанбе машваратҳои Тоҷикистон ва Чин дар масоили Созмони ҳамкории Шанхай доир гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни машваратҳо масъалаҳои ҳамкории ду давлат дар доираи созмон дар давраи раёсати дарпешистодаи Чин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба иқдоми муштараки Душанбе ва Пекин барои пешбарии ташаббусҳои якдигар зимни такмили Созмони ҳамкории Шанхай зоҳир карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 14, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеаи тоҷикон дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Риёз омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд